Дар минтақаи шаҳри Истаравшан чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвоноти ваҳшӣ гузаронида шуд

   Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №2/12-05-59 дар минтақаҳои баландкўҳ ва доманакўҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида истодааст. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузарониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазаври тоҷикӣ, бургут, каргас ва дигар намояндагони олами ҳайвонот дида мешаванд, ки шомили Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар маҷмўъ, рафти корҳои биотехникӣ 70 кг гандум, 60 кг ҷав, 40 кг лаблабуи сурх, 30 кг картошка, 20 кг намак ва 12 бастаи коҳи гандум дар доманакӯҳҳои ин минтақа пошида шуд. Барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин  сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара

   Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара бо мақсади ҳифз ва беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагон аз фасли сармо дар доманакуҳҳои куҳи Сиёҳ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа дар мавзеи сукунати ҳайвонот 750 кг донагиҳои намудашон гуногун, 25 адад бастаи беда ва 100 кг намак ба замин пошида шуд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизиони Сафина ба навор гирифта шуда, бо мақсади нигоҳ доштани ҳайвоноту паррандагоне, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд, аз тарафи бахш гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳо низ идома дода мешавад.

Корҳои биотехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 2/12-05-59 аз 10.01.2023 ва иҷрои нақшаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Ашт, Масчоҳ, Деваштич, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Спитамен ва Исфара корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар доманакуҳҳо ва мавзеи сукунати ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ гузаронида шуда, маводҳои хӯрока  ба монанди гандум - 900 кг, ҷав - 600 кг, бастаи юнучка - 60 кг, гушти мурғ - 200 кг, картошка - 330 кг, сабзӣ - 200 кг, намак - 350 кг, бастаи коҳи гандум - 80 кг, лаблабу - 40 кг, донаи ҷуворимакка - 300 кг, бастаи биринҷреза - 43 адад  пошида шуд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Синамо, Ҷаҳоннамо, Сафина, телевизиони вилояти Суғд ва телевизонҳои маҳаллӣ инъикос карда шуд.

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа

  Бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи корӣ, санаи 16 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд  Темирова Хайри Исломовна баргузор гардид. Сардори  Сарраёсат  Ҳакимзода А.Қ. вохӯриро оғоз намуда, қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли таърихӣ - 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ Ватани азизамон пешниҳод гардида, чун раҳнамои ҷомеа ҳамчун дастури фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатсозию таҳкими истиқлоли Ватани азизамон мусоидат хоҳад кард. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд.  Зимни баромади худ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд Темирова Х.И. нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дода, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маориф ва муҳити зист, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияи фарзандон, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аҳамияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша кард.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.