Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи мухити зист дар вилоят, тозаву обод намудани муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Фондарё ва Анзоб бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Фондарё ва шаҳраки Зарафшон, соҳибкорони маҳаллӣ ва кормандони комбинати Анзоб аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 85 нафар гузаронида шуда, минтақаҳои аҳолинишин ва ҷуйбору манбаҳои обӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1,5 м3 партов бароварда шуд. 

Аксияҳои экологӣ миқёси вилояти Суғд

   Давоми ҳафта бо мусоид омадани обу ҳаво дар миқёси вилоят 10 маротиба аксияҳои экологӣ бо ташаббуси кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ашт ва Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида, бо иштироки 2,9 ҳазор нафар намояндагони муассисаю ташкилот, корхона ва шаҳрвандон корҳои ободонӣ, аз қабили аз партовҳои гуногун тоза намудани ҷўйбор – 3,5 км, қадди роҳҳо - 7,9 км ва соҳилҳои обӣ – 1,3 км, ҳамчунин баровардани партовҳо ба партовгоҳҳо дар ҳаҷми 18,7 метри мукааб ба сомон расонида шуд. Қайд карда мешавад, ки бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардида, дар рафти он бо истифода аз техникаи махсус як митақаи Томчисой бо пуррагӣ аз партовҳо тоза карда шудаст.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Гулистон аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи тиббӣ» вохўрӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ ба 45 нафар хонандагони литсейи мазкур доир ба нуктаҳои асосии Паём навбатӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ,тағйирёбии иқлим, муҳимияти эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо», баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва саҳми донишҷуён дар ин маврид баромадҳо шунида шуд.

Амалҳои беҳтар намудани вазъи муомилот бо партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ ва беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳои вилоят, пайваста баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад нақлиёти боркашони тамғаи «Портер» аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд харидорӣ гардид. Аз ҷониби сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо иштироки намояндагон як ададӣ нақлиёти мазкур ба Корхонаҳои давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Зафаробод супорида шуд. Боз як адад нақлиёт ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Муассисаи давлатии минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда равона гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.