Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ , пешгирии таъсири партовгоҳ ба муҳити зист ва татбиқи нақша чорабиниҳои Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2023-2028, бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Исфара корҳои безараргардонӣ ва руйпӯшкунии партовгоҳ ба масоҳати 10 га оғоз гардид. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара партовгоҳи партовҳои сахти машишии КДФ «ХМК»-и шаҳр дар 18 км аз тарафи ғарбии шаҳр дар минтақаи Мохпарии шахри Исфара воқеъ буда, масоҳаташ 32 га-ро ташкил медиҳад.
Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Исфара
Аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби лавҳаҳои иттилоотӣ идома дорад. Чунин лавҳаи иттилоотии экологӣ дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ - ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» мебошад.Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.
Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Истаравшан
Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар хиёбони марказии Истиқлол ва назди бинои бахши ҳифзи муҳити зист, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ насб гардид.
Насби лавҳаҳои иттилоотӣ дар шаҳри Гулистон
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар миқёси шаҳри Гулистон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар кучаҳои марказии Истиқлол ва Суғдиён, инчунин дар назди бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон насб гардид.
Еще статьи...
- Чорабиниҳои пешгирии амалҳои характери коррупсионӣ дошта дар фаъолияти кормандони мақомоти хифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рўзи Модар
- Аёдати занон - собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ба ифтихори 8 Март - Рӯзи Модар
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 8 Март – Рўзи Модар