Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 - уми Шӯрои Олӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани аксияхои экологӣ бомаром идома дорад. Бо ин мақсад бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия бо истифода аз техника сойи Исфана аз партовҳои маишиву истеъмолӣ ба миқдори 3 м3 пурра тоза карда шуд. Баргузории чунин аксияхои экологи дар дигар чамоати дехотхои нохия низ дар назар аст.
Амалиётҳои фаврӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик
Аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ҳолатҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор карда шуд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом содир карда шуда, дар маҷмӯъ 9 сар моҳӣ мусодира карда шуд. Нисбати қуруқшиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 208 ва 223 тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияи Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров фиристода шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Истаравшан
Тибқи супориши Раиси Кумита, ки дар рафти сафари корӣ ба ш.Истаравшан баён гардида буд, аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳр амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёт ҳолати хушкшавии навниҳолҳо ва партофтани партовҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ошкор гардид. Нисбати сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва директори КДФ ХМК-и шаҳр протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 221 ва 232 тартиб дода шуд. Инчунин дар ҷояш санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуда, минтақаи мазкур бо иштироки 30 нафар ҳашарчиён ва техника пурра тоза карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон
Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.