Шанбегии умумӣ бо иштироки волонтерон дар ш.Хучанд

  Дар тозаву обод намудани муҳити атроф  саҳми волонтерон  хеле назаррас аст. Бо ин мақсад дирӯз дар соҳили дарёи Сир бо ҷалби волонтерони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ш.Хучанд ва ноҳияи Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аз ҷониби  волонтерону кормандони Филиал соҳили дарё ва инчунин Боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза карда шуда, беш аз 40 адад борхалта партовҳои мухталиф  бароварда шуд. Дар баробари волонтерони ҶҲАТ ҳамзамон шумораи зиёди сокинони ш.Хуҷанд, ки нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми худро  дар тозагиву ободонии муҳити атроф гузоштанд.

Тоза намудани партовгоҳи ноҳиявӣ аз партовҳои полиэтиленӣ ва дигар намуди партовҳо

  Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани  ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Спитамен гирду атрофи партовгоҳи ноҳиявӣ аз партовҳои полиэтиленӣ ва дигар намуди партовҳо тоза карда шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен амалӣ гардида, чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои аҳолинишин низ идома дорад.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич  амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 24 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандаи 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист кормандони шуъбаи мониторинги  экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар кӯчаи марказии ноҳияи Спитамен амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 27 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.