Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар бозори 20 солагии Истиқлолияти ш.Хуҷанд бозори моҳифурушӣ амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт ба роҳбари бозори 20 солагии Истиқлолият барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрнома дода шуд. Ҳамчунин дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.
Амалиётҳои фаврӣ дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик
Бо мақсади амалӣ гардонидани фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Новобаста аз давраи манъи сайди моҳӣ, баъзе шаҳрвандон ба қуруқшиканӣ роҳ дода, дар ин маҳал аз аслиҳаҳои манъшуда ба монанди тӯрҳои моҳигирӣ гузоштаанд. Рафти амалиёт дар минтақаҳои Конибодом ва Ашт зиёда аз 2500 метр турҳои бесоҳиб дарёфт гардида, дар ҷояш сӯзонида шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузори соли 2022 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар якҷоягӣ бо аъзоёни ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳия амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Амалиёт дар соҳили дарёи Сир минтақаи Туқай ҷамоати деҳоти Деҳмой гузаронида шуда, дар натиҷа зиёда аз 170 метр тӯри моҳигирии бесоҳиб дарёфт ва мусодира карда шуд.
Сайди моҳӣ манъ аст
Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», инчунин бандҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 1 апрел то 1 июни соли 2022 дар давраи тухмигузории моҳиҳо сайди тамоми намудҳои моҳидорӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59