Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», инчунин бандҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 1 апрел то 1 июни соли 2022 дар давраи тухмигузории моҳиҳо сайди тамоми намудҳои моҳидорӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59
Семинари омӯзишӣ - амалӣ бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об
Дар толори сарраёсат бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари омўзишӣ - амалӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат барои иштирокдорон баромадҳо дар бораи «Моҳияти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2020», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва муҳлати гирифтани он» ва «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо саволу ҷавоб бо сармутахассисони оид ба ҳуқуқ ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарраёсат сурат гирифт.Семинари мазкур дар арафаи Рӯзи байналмилалии об бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти истифода ва ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ дар пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.
Конференсия бахшида ба Рӯзи байналмилалии об
Санаи 17 марти соли 2022 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд конференсия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об бо иштироки намояндагони Лоиҳаи миллии раёсати захираҳои об дар Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятии марбутаи соҳаи об, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ аз ҷониби Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё гузаронида шуд. Дар рафти конференсия мутахассисону коршиносон дар мавзӯи таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии об, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби сайёра, обҳои зеризаминӣ ва заминаи ҳуқуқии идоракунии обҳои зеризаминӣ тибқи нақшаи ҳавзавӣ барои солҳои 2021-2025, истифодаи обҳои зеризаминӣ дар обёрӣ, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи обҳои зеризаминӣ, таъсири лоиҳаи WAPRO ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ призентатсияҳо пешкаши иштирокдорон намуданд. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани конференсия баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ва ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маҳсуб меёбад.
Об ҳасту ҳаёт пойдор аст
Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар МТМУ № 113-и деҳаи Тагоби халқ ҷамоати деҳоти Вору ва МТМУ № 3 шаҳри Панҷакент зери унвони «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст» вохӯриҳо гузаронида шуд. Зимни суханронӣ мутахассисони бахш оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об, самаранок истифода бурдани захираҳои об, иштироки фаъолона дар аксияи «Тозагии соҳил» баромадҳо намуданд.
Еще статьи...
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ
- Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд
- 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об
- Амалӣ намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ