Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва беҳсозии ҳолати экологӣ дар шаҳри Истиқлол бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 1, 4, ва 5 дар кӯчаи марказии шаҳр ва назди муассисаҳои таълимӣ аксияи «Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Рафти аксия гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, тани дарахтон сафед карда шуда 4,3 тн партовҳо бароварда шуд. Ҳамчунин аз тарафи хонандагон бо мақсади баланд бардоштани завқи эстетикиву экологӣ дар тубакчаҳо гулҳои намудашон ҳархела шинонида шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Зафаробод
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Зафаробод низ мунтазам аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуда истодааст. Дар ин раванд бо мақсади пешгирӣ намудани манбаҳои обӣ аз партов ва ифлосиҳо дар пойгоҳҳои обкашии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки кормандони корхонаву муассиса ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки 80 нафар аксия доир гардид. Рафти аксия зиёда аз 2 км каналҳо ва назди қубурҳои обгузар тоза карда шуда, ба миқдори 18,3 тн партовҳои гуногуни ҳудуди пойгоҳҳои обкашӣ бароварда шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Сарраёсат Ҳакимзода А., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022 шунида шуд. Рафти ҷаласа сардори сарраёсат Ҳакимзода А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен
Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Амалиёт дар соҳили дарёи Сир ҷамоати Истиқлол деҳаи Саидқалъа гузаронида шуда, дар натиҷа зиёда аз 250 метр тӯри моҳигирии бесоҳиб дарёфт ва дар ҷояш сӯзонида шуд.