Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ-2” - 150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ намуда буд.
Таҷҳизоти мазкур бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2020, №242 ҷиҳати ба кор андохтан ба тавозуни ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Чароғ”-и шаҳри Исфара гузаронида шуд, ки минбаъд пас аз омода гардидани мутахассис дар миқёси вилояти Суғд безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз карда мешавад.



Дар асоси нақшаи корӣ ва б
Тибқи нақшаи корӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич хангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи нозирони бахш дар