22 май - Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ

  Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабари он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конфронсҳои байналмиллалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам конфронсҳои Байналмиллали гузаронида мешавад.

Ҷамъбасти озмуни экологии «Сабз бодо кишварам» дар шаҳри Хуҷанд

 Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор ва Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – 5 июн роҳандозӣ гардидааст. Дар озмун муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд.

Иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Дави миллӣ

  Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад. Санаи 16 май дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 12 ҳазор намояндагони касбу кори гуногун Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят низ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур аз хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, то майдони назди Парчами миллӣ идома ёфт. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии варзишӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ намудани он байни аҳолӣ маҳсуб меёбад.

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

 Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйрёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.