10 май - Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир

  Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир (WMBD) аз соли 1993 инҷониб бо дархости парандашиносони (орнитологҳои) ташхисгоҳи Корнеллии ИМА ҳар рӯзи шанбеи дуюм ва якшанбеи дуюми моҳи май таҷлил мегардад ва асосан дар он ҷо ҷашн гирифта мешавад. Аксарият давлатҳо дар як сол ду маротиба - шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн мегиранд. Ҳадафи ин сана - ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеа ба тағироти вазъи глобалии экологӣ мебошад, ки ба нобудшавии экосистемаи манзилҳои парандаҳо ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон мусоидат мекунанд. Инчунин, баргардонидани он шароити табиӣ мебошад, ки барои парандаҳои муҳоҷир ҷиҳати парвариши насл ва муҳоҷират шинос ва қулай мебошанд. Инчунин ба қадри имкон васеътар огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани саршумор ва парандаҳои муҳоҷир мебошад.

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

 Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон - сокинони ноҳия Ҳошимбоев А. ва Элмуродов Д. бо моддаи 238 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.

Ҷамъбасти фаъолияти моҳонаи ситоди Раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ

  Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар мавсими тухмигузории соли ҷорӣ идома доранд ва тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти ситоди раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ дар 15-рўзаи дуюм ва моҳи апрел ҷамъбаст гардид. Натиҷаҳои корбарии якмоҳа нишон доданд, ки баҳри иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист дар самти мазкур ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, №29 ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Масчоҳ

Бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пеш истода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия  дар шоҳроҳи Хуҷанд –Чаноқ  амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд.  Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.