Аёдати собиқадорони соҳа бахшида ба Иди саиди Фитр

 Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафи Иди саиди Фитр собиқ сардорони Раёсат, ки ҳоло дар нафақаанд – Султонов А.А. ва Умаров Н.У., собиқадорони соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд – Абдувалиев А.К., Тӯхтабоев Ю., Нуралиев Ё. (Деваштич), Шукуров О. (Деваштич), Болтуев Д. (Б.Ғафуров), Ҳакимхӯҷаева Ф., Нурматова М., Турсунова М., Садриддинова С., Амонов А. (Конибодом), Халилзода Ш. (Айнӣ), Шодиев Т. (Зафаробод), аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Иди саиди Фитр

 

Ҳамаи Шумоёнро бо арзи эҳтирому самимияти афзун ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик ва муборакбод намуда, зиндагии босаодат, файзу баракати рўзгор ва зеботарин сарнавиштро орзу менамоям. Шукрона мегўем, ки бо шарофати Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ватани азизамон суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҳлилу риоя менамоем. Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, аз баракати истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо  таҷлил  мегардад. Бори дигар ҳар яки шумо ва аҳли оилаву пайвандонатонро ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик гуфта, бароятон саломатӣ, сулҳу амонӣ, бахту саодатро таманно  менамоям.

Барқарорсозии хонаҳои осебдида дар шаҳри Исфара

 Бар асари даргириҳои охири моҳи апрели соли ҷорӣ як қисми хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара хароб ва осеб дида буд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои мазкур бо пуррагӣ бунёду барқарорсозӣ карда мешаванд. Бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист якҷоя бо зерсохторҳо як хона, ки дар он ҷо ду оила зиндагӣ мекард пурра аз навсозӣ мегардад. Дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, дар давоми як моҳ ба итмом расонида мешаванд. Ҳамзамон, пас аз сохтмон бо лавозимотҳои зарурӣ низ хонаи нав таъмин карда мешавад.

Ҷамъбасти озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳия ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» бахшида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.