Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Конибодом

 Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободонӣ дар назди Маркази саломатӣ ва беморхонаи марказии ба номи академик К.Тоҷиев аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони соҳаи тиб ва сокинони маҳаллаҳо иштирок намуда, 2200м ҷуйборҳо ва 3860 м2 ҳудуд тоза карда шуда, 280 м роҳгаштҳо сафед ва 6,3 м3 партовҳо бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Масчоҳ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободонӣ дар ноҳияи Масчоҳ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он сокинони маҳаллаҳо, саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ҳамагӣ 300 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия ба масоҳати 400 м2 ҳудуд ва 1400 м қади роҳҳо ва 140 м2 майдонҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия ба миқдори 4 м3 партовҳо бароварда шуд.

Назорати манбаҳои обӣ

Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук оид ба партофтани партовобҳо ба соҳили обанбори Баҳри тоҷик ҷой дода шуда буд, дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Дар ҳақикат ошкор карда шуд, ки аз тарафи  корхонаи ҶДММ «Фируз Плаза»-и ш.Гулистон партовоб ба соҳили баҳри Тоҷик партофта шуда истодааст. Дар натиҷа нисбати директори корхонаи мазкур бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудӣ пешниҳоди иҷроишаш хатмӣ дода шуд.

Мавзеъи сайёҳии Чилдухтарон, воқеъ дар деҳаи Метк, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич

 Мавзеъи Чилдухтарон аз ноҳия 56 км роҳро ташкил намуда, дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҷойгир мебошад. Деҳаи Метк таърихи чандҳазорсола дорад. Ба ин гуфтаҳо ашёҳо бо мурури замон аз атрофи деҳа ёфташуда ва мавзеъҳои таърихии он шаҳодат медиҳад. Бар замми ин Деҳаи Метк хеле зебоманзар буда, дар домани қаторкўҳҳои Туркистон ҷой гирифтааст. Рўдҳои кўҳии шўхоб чашмасорон, арчазорон ва кӯҳҳои сар ба афлокаш манзараи деҳаро зебою нотакрор гардонидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.