Вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ дар Филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

 Дар шуъбаи «Табиатдӯстони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо кӯмаки соҳибкорони саховатпеша дар оғози соли ҷорӣ гармхона бунёд карда шуда, саҳни ҳавлӣ ба масоҳати 150 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуд. Имрӯз гулҳои хонагӣ ва ороишӣ ба ин муассиса зеби хоса бахшидааст. Лозим ба таъкид аст, ки дар гармхонаи мазкур аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон»- Маркази таҳсилоти иловагии вилоят беш аз 2 ҳазор гулҳои ороишӣ ва беш аз 500 намуд гулҳои хонагиро парвариш мекунанд.

Аксияи “Тозагии соҳил” бо иштироки ҷавонону варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи сазовори ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ободу зебо гардонидани муҳити атроф, корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд вусъати тоза гирифта истодааст. Дирӯз дар ду тарафи соҳили дарёи Сир бо иштироки кормандону мураббиёни мактабҳои варзишии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҷавонону варзишгарон аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар доираи аксия соҳили Сирдарё аз партовҳо ва алафҳои худрӯй ва хушкшуда тоза карда шуданд.

Корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии ҷавонон аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар деҳаҳои Оббурдон, Дашт, Пастигав ва Виткон вохӯрӣ бо ҷавонон доир гардид. Зимни вохӯрӣ бо ҷавонон доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, масъалаи партов, ки имрӯз яке аз масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи неъматҳои нотакрори табиати диёр қайд карда шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Спитамен

 Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, иҷрои нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ноҳия Спитамен амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.