Рўзи байналмилалии муҳити зист дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифз ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхњо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мӯҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, собиқадорони соҳа баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ин рўз барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида шуда, ҳамасола дар зиёда аз 130 давлат ботантана қайд карда мешавад. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар соҳили обанбори "Баҳритоҷик", ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд, аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия 240 нафар кормандони ташкилот, идораҳо ва муас-сисаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа зиёда аз 5,7 м3 партовҳо бароварда шуд. Ҷараёни чорабинӣ тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ ба навор гирифта шуд.
Ҳифзи табиат - ҳифзи Ватан аст!
Ба истиқболи Рӯзи байналмилалии муҳити зист, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ бо иқдоми сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аксияи"Тозагии соҳил" гузаронида шуд. Аксия дар сойи Хоҷабоқирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муҳассилини муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ҳамаи иштирокчиён бо сарпӯшу футболка, дастпушу халтаҳо таъмин карда шуданд. Рафти аксия тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба навор гирифта шуд.
Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа
Дар арафаи баргузории якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирьяхҳо, ба ифтихори эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ зери унвони «Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа» доир гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., доктори илмҳои география, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳамзамон роҳбари Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пирьяхҳо - Раҳимов А., омӯзгорони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мисиров А. ва Шарифхоҷаев И.И., сардори Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд Ҳомидов А., намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Султонов А., муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканали” ш.Хуҷанд Ахмедов А. ва кормандони сарраёсат иштирок доштанд.
Страница 1 из 313