Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар самти ҳифзи муҳити зист аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони шаҳри Исфара вохӯрӣ бо ҷавонон – ихтиёриёни бахш доир гардид. Зимни вохӯрӣ мудири бахш ба ҷавонон –ихтиёриён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, саҳми чавонон дар ҳифз ва беҳбудии муҳити атроф қайд карда шуд.
Корҳои ободониву гулзоркунӣ дар ноҳияи Спитамен
Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади гулзоркуниву сабзу хуррамгардонии ҷамоату маҳаллаҳои н.Спитамен як қатор корҳо амалӣ гардида истодаанд. Чуноне, ки бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен маълумот дод, дар кӯчаҳои марказии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ зиёда аз 120000 шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ идома дорад.
Ҳашар дар ноҳияи Масчоҳ
Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сокинони дорои касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда истодаанд. Бино ба иттиллои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар кӯчаҳои протоколии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони сояафкануҳамешасабз шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ идома дорад.
Партовгоҳи ноҳияи Зафаробод хокпӯш карда шуд.
Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Зафаробод партовгоҳи марказӣ хокпӯш карда шуд. Масоҳатиумумии партовгоҳ 2,30 гектарро ташкилдода, барои чорабинии мазкур аз тарафи корхонаи мазкур 11,3 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.
Иҷрои фармоиш таҳти назорат
Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдориизахираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят ва шароити мусоид фароҳамовардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18аз 31.03. соли 2020, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят сайди моҳӣ манъ гардидааст. Вобаста ба иҷрои фармони мазкур ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар шаҳру ноҳияхо корҳои муайян амалӣ гардида истодааст.
Дирӯз аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан дар бозори марказии шаҳр варақаҳои иттилоотӣ насб карда шуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва ба масъулоне, ки бо хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ машғуланд, амрномаҳо дода шуд.
Page 215 of 311