Санаи 5 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда доир гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. , мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Пас аз шунидани ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият сардори сарраёсат Ҳакимзода А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МавлододА. ва мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С. дар баромадҳои худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологӣ, роҳҳои халли муаммоҳои экологии ҷойдошта дар миқёси вилоят, бо нишондиҳанда ва дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим
Дар шаҳри Гулистон, Макази таълимии Бонки миллӣ, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва идораю ташкилоте, ки бо масоили тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат дар мавзўи «Нақши Барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим» презентатсия пешниҳод гардид, ки дар доираи он иштирокдорон бо пуррагӣ бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шинос карда шуданд. Умуман, мақсади асосии вохўрии иттилоотӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди ҳамкорӣ байни мақомот ва сохторҳои давлатӣ, инчунин шарикони рушд буда, бо назардошти пешниҳоди иштирокчиён «Нақшаи амал» барои баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти чораҳои пешгирии хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳия карда мешаванд.
Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ
Дар толори бинои Раёсати маорифи вилоят маросими супоридани диплому сипоснома бо мукофоту тўҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва сардори сарраёсат ба ғолибони озмуни даври вилоятии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар мавзўи «Оқибатҳои зарари партовҳо, аз он ҷумла партовҳои платикӣ» баргузор гардид. Пеш аз оғоз, бо дастовардҳои хонандагон, ки дар маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагӣ машғул мебошанд, сардори Раёсати маорифи вилоят Набизода М.Р. сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ.-ро шинос карда, ҷиҳати минбаъд васеъ фаро гирифтани иштироки хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар озмунҳои мазкур таклифҳо пешниҳод гардид. Дар маҷмўъ, 10 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен аз тарафи Кумита ва 15 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Деваштич, ҳамчунин директори Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилоят ва мутахассиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз тарафи сарраёсат қадрдонӣ карда шуданд. Диплому сипоснома бо тўҳфаҳо аз ҷониби сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва сардори Раёсати маорифи вилоят, ҳамагӣ ба 27 нафар супорида шуд.
Чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардиданд
Санаи 15 июни соли ҷорӣ маъракаи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 30 03.2022, №38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» аз 1 апрел то 15 июни соли равон манъ гардида буд, ба итмом расид. Аз тарафи ситод ва кормандони масъули Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ҳамчунин зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои қарори Раиси Кумита ва фармоиши сардори сарраёсат аз 01.04.2022, №22 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» дар ин муҳлат як қатор тадбирҳо андешида шудаст. Баҳри амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанборҳои вилоят, корҳои ташкилию амалӣ роҳандозӣ гардида, ҳамагӣ 256 маротиба амалиёти гуногуни назоратӣ гузаронида шудаст. Дар натиҷа 250 адад санади азназаргузаронӣ ва нисбати ҳолатҳои қўруқшиканӣ 63 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, инчунин 9 адад мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидаст. Ҳамагӣ маблағи зарари пешниҳодгардида 14464 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин 12 адад хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дода шудааст.
Назорати давлатӣ дар самти сайди ғайриқонунии моҳӣ
Дар рўзҳои охирони баргузории чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022, аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳњити зист дар минтақаи Чилмаҳрами болооби обанбори Баҳри Тоҷик, ҳудуди ноҳияи Ашт амалиёти фаврии муштарак гузаронида шуд. Рафти амалиёти мазкур сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт Ниёзматов Холмат барои бо аслиҳаи манъшуда - шасти барқӣ (электроудочка) ғайриқонунӣ сайд кардани 50 сар моҳии навъҳои гуногун боздошт гардид. Ҳамзамон, боз як сокини деҳаи Булоқи ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт Ғаниев Мадамин, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ бо тўри лескагӣ машғул буд, боздошт карда шудаст. Ҳангоми боздошт 18 сар моҳии ғайриқонунӣ навсайдшуда ошкор гардид. Нисбати шаҳрвандон Ниёзматов Х. ва Ғаниев М. маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод гардидаст.
Page 97 of 311