January 2023

13 January 2023

Баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа

   Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарону мутахассисони ҷавони зерсохторҳо семинари бозомўзӣ гузаронида шуд. Дар рафти семинар аз ҷониби сармутахассисони пуртаҷрибаи сарраёсат дар мавзўъҳои «Татбиқи «Лоиҳаҳои сабз» ва масоили обу иқлим дар маркази таваҷҷуҳ (аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 23.12.2022)», дар бораи рафти иҷрои Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи одоби хизматчии давлатӣ» ва татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Тарзи дуруст ҳисоб намудани пардохтҳои экологӣ, зарарҳои ба табиат расонидашуда дар самти ҳифзи замин ва КФМУ», «Тарзи дуруст кабул намудани ҳисоботи 2-ТП (ҳаво) ва ҳисоби дурусти зарар ба ҳавои атмосфера», «Тарзи дуруст қабул намудани ҳисоботи 2-ТП (об) ва ҳисоби дурусти зарари об», «Тарзи дуруст гирифтани намунаҳои об, хок, ҳавои атмосфера барои гузаронидани ташхис, муайян намудани вазъи экологӣ», «Риояи талаботи конунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳангоми додани санади аз назаргузаронӣ барои ҷудо ё вобаста намудани қитъаи замин», «Тартиби дуруст пешниҳод намудани ҳисоботи рӯзона, ҳафтаина ва моҳона», «Тартиби додани иҷозат ва иҷозатнома тибқи талаботи қонунгузорӣ» ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромаду маърўзаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар фаъолияти ҳаррўзаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад.

Читать далее

09 January 2023

Саъба – парандаи соли 2023

   Саъба парандаи андозааш хурд буда, ба оилаи чархресакҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда 15- 17 см, дарозии болҳои он 8-9 см ва вазнаш 17- 23 граммро ташкил медиҳад. Парҳои саъба серҷило буда, дар онҳо рангҳои сурх, зард, сафед ва сиёҳ ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд ва ба он ҳусни хоса зам менамоянд. Тавассути чунин тобиши зебои бадан саъбаро дар масофаи дур аз дигар парандагон фарқ кардан мумкин аст. Фардҳои нарина ва модинаи он зоҳиран аз ҳамдигар фарқияти зиёд надоранд. Саъба дар баробари булбул, кабк, бедона, тӯтию дурроҷ парандаи хушхон буда, дар байни дӯстдорони табиат маъруфияти хоса дорад. Ин паранда ба инсон зуд унс мегирад ва онро барои хониши форам дар қафас нигоҳ медоранд. Саъба монанди тӯтӣ калимаҳои алоҳидаро талаффуз намуда, ба одам тақлид мекунад. Дар шароити сунъӣ то 15 -20 сол умр мебинад. Саъба парандаи серҳаракату чолок аст ва дар муҳити хоси зист села села шуда зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон саъба ба истиснои Помири Шарқӣ дар ҳама минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баландиҳои 700 -2200 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Лонаи ин парандаи аљиб хеле нозукона аз лой ва гилу ришта ва хас сохта мешавад ва онхо ба инсон наздик буда бештар дар љангал ва боѓот лона мегузоранд. Саъба аз тухми растаниҳои гуногун ғизо мегирад, алалхусус дони растании мушхор, хори каррок, тухми офтобпараст ва ҷорӯбакро мепарастад.

Читать далее

Саъба – парандаи соли 2023

   Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид. Саъба парандаи андозааш хурд буда, ба оилаи чархресакҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда 15-17 см, дарозии болҳои он  8-9 см ва вазнаш 17 - 23 граммро ташкил медиҳад. Парҳои саъба серҷило буда, дар онҳо рангҳои сурх, зард, сафед ва сиёҳ ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд ва ба он ҳусни хоса зам менамоянд. Тавассути чунин тобиши зебои бадан саъбаро дар масофаи дур аз дигар парандагон фарқ кардан мумкин аст. Фардҳои нарина ва модинаи саъба зоҳиран аз ҳамдигар  фарқияти зиёд надоранд. Дар баробари булбул, кабк, бедона, тутию дурроҷ саъба парандаи хушхон буда, дар байни дӯстдорони табиат маъруфияти хоса дорад. Ин паранда ба инсон зуд унс мегирад ва онро барои хониши форам дар қафас нигоҳ медоранд. Саъба монанди тути калимаҳои алоҳидаро талаффуз намуда, ба одам тақлид мекунад.

Читать далее

03 January 2023

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

   Санаи 3 январи соли  2023 дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С., муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо З. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастур дод. Дар навбати худ аз тарафи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. оид ба беҳтар намудани фаъолият дар самти ситонидани маблағҳои ҷарима ва зарар, таҳлили фаъолияти нозирӣ, назорати ҳолати партовгоҳҳои ғайрирасмӣ, иҷроиши босифати барномаҳои соҳавӣ ва давлатӣ супоришҳо дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.