December 2024
26 December 2024
Чорабинии ҷамъбастӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, дар толори донишкадаи мазкур мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд,устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, олимону устодон ва донишљӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳии ноибректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.г-м., профессор Насриддинов З.З., тариқи онлайн директори КВД «Табиат»-и дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов А. ва сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., оид ба се мавзӯъи асосии мизи мудаввар презентатсия ва маълумоти муфассал ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд.
24 December 2024
Академияи зимистонаи «Ҳаво» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Академияи зимистонаи «Ҳаво»» баргузор гардид. Академияи зимистонаи «Ҳаво»/ «Havo» WinterAcademy ин лагери омӯзишии 5-руза буда, ба мавзӯи мутобиқшавӣ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати хавои атмосфера, инчунин таъсири ифлосшавии ҳаво ба иқлиму саломатии инсон ва чораҳои пешгирии он нигаронида шуд. Иштирокчиёни академия 20 нафар мутахассисон, олимон ва аспирантони ҷавон, намояндагони ВАО, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол мебошанд, ки дар асоси озмун интхоб карда шудаанд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён таъсири сифати ҳаворо ҳамчун яке аз омилҳои калидии тағйирёбии иқлим омӯхта, бо усулҳои муосири мониторинг шинос шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои самарабахши рушди устувор маълумоту донишҳои зарурӣ гирифтанд.
Дуғдоғ - парандаи соли 2025
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Ба озмун даҳ паранда, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд. Аз байни даҳ номгӯй дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шуд. Дуғдоғ парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.
Озмуни экологии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» байни кӯдакистонҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар кӯдакистони «Шукуфаи Истиқлол» озмуни шаҳрии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» баргузор гардид. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмун дастпарварони кӯдакистонҳои №23, 25 ва 40 ба даст оварданд. Зинаи дуюмро муассисаҳои таҳсилоти томактабии №15, 32 ва 35 ва ҷойи сеюмро МТТ №1, 18, 20, 33, 37 ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ва фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки озмун соли сеюм бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида мешавад.
12 December 2024
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист, татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., шахсони масъул ва аҳли ҷамоатчигӣ дар минтақаи Дараи сабз (ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист) маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ниҳолхона 4 бех арчаи ҳамешасабз санавбари крими (крымская сосна), шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ҳамагӣ 610 бех арчаи ҳамешасабзи сановбар шинонида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 дар бораи барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд ноҳияи Деваштич ниҳолҳои сада ба миқдори 1000 бех шинонида шуда, ҳамзамон хатти ҷангал барқарор гардид. Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар соли 2025 дар ноҳия ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда ба миқдори 50 ҳазор бех шинонида мешавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалол шаҳраки Баҳористон 250 бех ниҳолҳои арчаи сановбар шинонида шуд. Ниҳолҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи биогумус шинонида шуда, дар дигар минтақаҳои шаҳр низ амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ байни ҷавонон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» ҳангоми баргузории вохӯрӣ бо хонандагон гузаронида шуд. Дар пурсиши мазкур 34 нафар хонандагон, мардҳои синну соли аз 18 то 35 сола иштирок намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» идома ёфта, аз ҷониби ташкилоти мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт корбарӣ карда шуд. Дар натиҷа 19 саволнома асосан дар шаҳри Хуҷанд қабул гардида, дар пурсиш 12 зан ва 7 марди ҷавон иштирок кардаанд. Дар давоми соли чоруми иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ 53 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 12 зан ва 41 марди ҷавон фаро гирифта шуданд.
11 December 2024
11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15 фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.
10 December 2024
Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар соҳили дарёи Сир
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол,№ 296 бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарёи Сир ва атрофи майдонҳои ҳудуди он беш аз 300 бех ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Ин иқдом бо ташабуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр роҳандозӣ гардида, ниҳолҳои санавбар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуданд.