December 2025

15 December 2025

Иқдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист!" дар амал

  Дар иқдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист!" аз шаҳру ноҳияҳо  сокинон  фаъолона иштирок доранд. Аз тарафи сокини шаҳри Бўстон акси хазонҳои ҷамъшуда ва партовҳои маишӣ дар кўчаи Киров ба мессенҷери сарраёсат ирсол шуда, дар натиҷа таҳти назорати бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бўстон ва масъулини КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" пурра тоза карда шуд. Телефони боварӣ шабонарўзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад. Шаҳрвандони гиромӣ, ба тозагиву ободии ҳар як гўшаи ватанамон бетараф набошед!

Читать далее

Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлол

  Бо мақсади иҷрои нақшаҳои созандаву бунёдкорона, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  маҳаллаи 1-уми шаҳри Истиқлол  2 адад  баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ  тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф , ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва ба ҳамин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Читать далее

12 December 2025

Ҳолати ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтон дар шаҳри Конибодом

  Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами наботот, тибқи нақшаи кории тасдиқгардида кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҷамоати деҳоти Пӯлотон худсарона бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист буриши 2 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Конибодом Сулаймонов А. мутобиқи моддаҳои 45, 62, 64-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаи 242 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Читать далее

10 December 2025

11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои  ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.

Читать далее

Сайди ғайриқонунии парандаи саъба дар шаҳри Панҷакент

  Ҳангоми  гузаронидани  амалиётҳои назорати давлатӣ, ҷиҳати иҷрои талаботҳои  қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот дар шаҳри Панҷакент аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат бо якҷоягии нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар минтақаи дашти Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ ҳолати сайди ғайриқонунии парандаҳои саъба ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  барои расонидани зарар ба олами ҳайвонот маблағи зарар пешниҳод гардид. Саъбаҳои сайдшуда дар ҳузури қонуншиканҳо ба муҳити табиӣ  сар дода шуд. Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир қонуншиканҳо сайди ғайриқонунии  худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда истодаанд, ки боиси дар байни ҷомеа тарғиб намудани рафтори ғайриқонуниашон ва зарар ба  табиат мебошад. Аз инрӯ аз шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ҷой намудани ин гуна  наворҳо худдорӣ намоянд ва ба шикори ғайриқонунии парандагон роҳ надиҳанд.

Читать далее

Назорати давлатӣ ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣаз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғднамунаҳои партовобҳо аз иншоотҳои партовобтозакунии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят гирифта мешавад. Намунаҳои навбатии партовобҳобарои муайян намудани таркиби физикӣ – кимиёвӣаз иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд аз 4 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот, 500 метр боло ва 500 метр поён аз дарё (интиқолшаванда) гирифта шуд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Б.Ғафуроваз иншооти партовобтозакунии КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и минтақаи №1–и вилояти Суғд аз 2 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот (садамавӣ) гирифтани намунаҳои партовоб амалӣ гардид. Ташхиси намунаҳо мутобиқи талаботи қоидаҳо давоми 7 рӯзи корӣгузаронида шуда, дар натиҷа муайян гардид, ки дар намунаҳои иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал» нишондиҳандаҳои моддаи муаллақ, боқимондаи хушк, нитрогени аммоний, истеъмоли биологии оксиген (БПК5) ва оҳани умумӣ аз меъёри ҳадди имконпазири ғизлатнокӣ (ҲИҒ) зиёд ба қайд гирифта шуд.

Читать далее

09 December 2025

Семинар таҳти унвони "Технологияҳои сабз" дар шаҳри Бӯстон

  Дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20 августи соли 2025, №1820-7/23 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо марҳилаи дуввуми Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон (GEFF-II), ки аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки филиали Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) дар вилояти Суғд санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон семинар оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавзуи  «Технологияҳои сабз» баргузор гардид. Дар кори семинар сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Норҷона Давлатова, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ғуфронзода Азиз,  коршиносони барномаи GEFF-II Парвин Ҷабборов ва Садриддин Ҷӯраев бо ҷалби фаъолон, соҳибкорон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, барқ, об, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, занони соҳибкору ҳунарманд ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Читать далее

08 December 2025

Тадбирҳои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ дар шаҳри Истаравшан

  Сойи Зарринруд аз ҳудуди шаҳри Истаравшан масоҳати зиёде тӯл кашида, дохили баъзе минтақаҳои он ба ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо мубадал мегардад. Сари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳр қарор дошта, ҳар сол аксияҳои экологӣ ва ҳашару шанбегиҳо бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ гузаронида мешаванд. Бо чунин иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан давоми ҳафта дар доираи чорабиниҳои тоза кардани минтақаҳои дохили шаҳрии сойи Зарринруд аз партовҳои бесоҳиб ва ҷойҳои ботлоқшуда, 4 адад техникаи махсуси калонҳаҷм ва 1 адад техникаи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷалб ва истифода гардид. Дар натиҷа 7 километр ҳудуд ва атрофи сой тоза карда шуда, 24 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳри Истаравшан интиқол дода шуд. Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода ва бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ корҳои ободонӣ, бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар минтақаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳр, аз он ҷумла сойи Зарринруд идома меёбанд.

Читать далее

05 December 2025

Ба буриши ғайриқонунии дарахтон роҳ надиҳед!

  Ҳангоми гузаронидани  амалиётҳои  назоратӣ, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара  дар  қадди роҳи Исфара – Лаккон худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор буриши 1 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Исфара, ҷамоати Кулканд Икромов Содир  мутобиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима  пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Насб 8 адад камераҳои назоратӣ дар ҷойҳои ғайрирасмии кўчаҳои шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ҳар як шаҳрванди ҷомеа  ва пешгирӣ намудан аз партофтани партов дар ҷойҳои ғайрирасмӣ дар кўчаҳои шаҳри Хуҷанд 8 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми 2 моҳ барои дар ҷойи ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ нисбати 15 нафар сокинони шаҳр бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 5500 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.