December 2025

10 December 2025

Сайди ғайриқонунии парандаи саъба дар шаҳри Панҷакент

  Ҳангоми  гузаронидани  амалиётҳои назорати давлатӣ, ҷиҳати иҷрои талаботҳои  қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот дар шаҳри Панҷакент аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат бо якҷоягии нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар минтақаи дашти Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ ҳолати сайди ғайриқонунии парандаҳои саъба ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  барои расонидани зарар ба олами ҳайвонот маблағи зарар пешниҳод гардид. Саъбаҳои сайдшуда дар ҳузури қонуншиканҳо ба муҳити табиӣ  сар дода шуд. Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир қонуншиканҳо сайди ғайриқонунии  худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда истодаанд, ки боиси дар байни ҷомеа тарғиб намудани рафтори ғайриқонуниашон ва зарар ба  табиат мебошад. Аз инрӯ аз шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ҷой намудани ин гуна  наворҳо худдорӣ намоянд ва ба шикори ғайриқонунии парандагон роҳ надиҳанд.

Читать далее

Назорати давлатӣ ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣаз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғднамунаҳои партовобҳо аз иншоотҳои партовобтозакунии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят гирифта мешавад. Намунаҳои навбатии партовобҳобарои муайян намудани таркиби физикӣ – кимиёвӣаз иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд аз 4 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот, 500 метр боло ва 500 метр поён аз дарё (интиқолшаванда) гирифта шуд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Б.Ғафуроваз иншооти партовобтозакунии КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и минтақаи №1–и вилояти Суғд аз 2 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот (садамавӣ) гирифтани намунаҳои партовоб амалӣ гардид. Ташхиси намунаҳо мутобиқи талаботи қоидаҳо давоми 7 рӯзи корӣгузаронида шуда, дар натиҷа муайян гардид, ки дар намунаҳои иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал» нишондиҳандаҳои моддаи муаллақ, боқимондаи хушк, нитрогени аммоний, истеъмоли биологии оксиген (БПК5) ва оҳани умумӣ аз меъёри ҳадди имконпазири ғизлатнокӣ (ҲИҒ) зиёд ба қайд гирифта шуд.

Читать далее

09 December 2025

Семинар таҳти унвони "Технологияҳои сабз" дар шаҳри Бӯстон

  Дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20 августи соли 2025, №1820-7/23 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо марҳилаи дуввуми Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон (GEFF-II), ки аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки филиали Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) дар вилояти Суғд санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон семинар оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавзуи  «Технологияҳои сабз» баргузор гардид. Дар кори семинар сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Норҷона Давлатова, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ғуфронзода Азиз,  коршиносони барномаи GEFF-II Парвин Ҷабборов ва Садриддин Ҷӯраев бо ҷалби фаъолон, соҳибкорон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, барқ, об, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, занони соҳибкору ҳунарманд ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Читать далее

08 December 2025

Тадбирҳои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ дар шаҳри Истаравшан

  Сойи Зарринруд аз ҳудуди шаҳри Истаравшан масоҳати зиёде тӯл кашида, дохили баъзе минтақаҳои он ба ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо мубадал мегардад. Сари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳр қарор дошта, ҳар сол аксияҳои экологӣ ва ҳашару шанбегиҳо бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ гузаронида мешаванд. Бо чунин иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан давоми ҳафта дар доираи чорабиниҳои тоза кардани минтақаҳои дохили шаҳрии сойи Зарринруд аз партовҳои бесоҳиб ва ҷойҳои ботлоқшуда, 4 адад техникаи махсуси калонҳаҷм ва 1 адад техникаи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷалб ва истифода гардид. Дар натиҷа 7 километр ҳудуд ва атрофи сой тоза карда шуда, 24 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳри Истаравшан интиқол дода шуд. Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода ва бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ корҳои ободонӣ, бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар минтақаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳр, аз он ҷумла сойи Зарринруд идома меёбанд.

Читать далее

05 December 2025

Ба буриши ғайриқонунии дарахтон роҳ надиҳед!

  Ҳангоми гузаронидани  амалиётҳои  назоратӣ, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара  дар  қадди роҳи Исфара – Лаккон худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор буриши 1 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Исфара, ҷамоати Кулканд Икромов Содир  мутобиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима  пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Насб 8 адад камераҳои назоратӣ дар ҷойҳои ғайрирасмии кўчаҳои шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ҳар як шаҳрванди ҷомеа  ва пешгирӣ намудан аз партофтани партов дар ҷойҳои ғайрирасмӣ дар кўчаҳои шаҳри Хуҷанд 8 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми 2 моҳ барои дар ҷойи ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ нисбати 15 нафар сокинони шаҳр бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 5500 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Читать далее

04 December 2025

Чил (кабки зирак) парандаи соли 2026

  Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки тариқи овозди -ҳии пинҳонӣ сурат гирифт, аз 10 номинатсияи парандагони пешни-ҳодшуда бо овозҳои бештар Чил (кабки биёбонӣ ё кабки зирак) парандаи соли 2026 интихоб гардид. Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон дар  бораи парандаи Чил чунин маълумот дода шудааст: Чил ба қатори Мурғшаклон – Galliformes ва оилаи Тазарвҳо – Phasianidae дохил мешавад. Ба он ҳамчун намуди осебпазир мақом дода шуда, ба рӯйхати сурхи ИБҲТ (LC) ворид карда шудааст. Чил ё кабки биёбонӣ дар қисмати ҷанубӣ­ ғарбии Тоҷикистон паҳн гардида, дар пасткӯҳҳои Бобокӯҳ, Сафедкӯҳ, Рангонтов, Қаратови Панҷ, доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шохаҳои ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз маскан мегирад. Сарҳади шимолии паҳншавии намуд аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Муҳити писандидаи зисти намуди кабки зирак пасткӯҳҳои дорои растаниҳои сираки пистаю бодом, теппаҳои регӣ, харсангҳои на он қадар калон, биёбонҳо ва нимбиёбонҳо ба шумор мераванд.

Читать далее

02 December 2025

Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон дар шаҳри Истаравшан

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ, бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи ҷамоати деҳоти Нофароҷ деҳаи Навобод 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи саъба машғул буданд. Бо ин кирдор қонуншиканон талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро  вайрон намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.