December 2025
31 December 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2026
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Фарорасии соли нави 2026-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда, соли навбатии созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози соли таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешавем. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро аз самими қалб шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён сиҳатмандиву саодати рўзгор, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад.
Соли нави милодӣ муборак!
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар асоси нақшаи корӣ, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ва Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали шаҳр дар минтақаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамасола дар фасли сармо дар минтақаҳои куҳӣ гузаронида мешавад.
30 December 2025
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар соли 2025 бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони сарраёсат баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо вобаста ба натиҷаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои соҳа пурсиш намуда, вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ташкили ниҳолхонаҳо, пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
24 December 2025
Семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, «Клуби экологӣ»-и донишкадаи мазкур ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, устодон ва донишҷӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» ва «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳӣ презентатсия ва баромадҳо дар бораи фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2025 ва лоиҳаи GREEN ROOTS, фаъолияти Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶ «Сафи», инчунин аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист иштирокдорон бо натиҷаҳои асосии татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят шинос карда шудаанд. Дар рафти семинар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид ва дар интиҳо, тибқи барнома, доир ба дурнамои фаъолияти муштарак дар соли 2026 намояндагони мактабҳои олӣ ва дигар иштирокдорон изҳори ақида намуданд.
Муаррифии «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» дар шаҳриХуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
авоми зиёда аз як сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳияи «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» ҳамкорӣ намуда, дар натиҷа дастурамали мазкур ба амал омад. Ҳамчун пилотӣ муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва Б.Ғафуров интихоб гардида, барои мураббиёни ин муассисаҳо дар толори ширхоргоҳ – кӯдакистони № 18-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, соҳаи маориф ва ташкилоти ҷамъиятӣ ба мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳо «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ»-ро муаррифӣ карда, њамзамон як қатор аёниятҳо барои гузаронидани машқу бозӣ бо кӯдакони гурӯҳҳои боло, синнӣ 5 – 6 сола тақдим карда шуд. Минбаъд, корбарӣ бо муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияи болозикр рушд ёфта, барои фаро гирифтани ҳамаи онҳо дар миқёси вилоят бо мақсади ҷорӣ намудани дастурамали мазкур тадбирҳо роҳандозӣ мегардад.
17 December 2025
Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.
15 December 2025
Иқдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист!" дар амал
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар иқдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист!" аз шаҳру ноҳияҳо сокинон фаъолона иштирок доранд. Аз тарафи сокини шаҳри Бўстон акси хазонҳои ҷамъшуда ва партовҳои маишӣ дар кўчаи Киров ба мессенҷери сарраёсат ирсол шуда, дар натиҷа таҳти назорати бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бўстон ва масъулини КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" пурра тоза карда шуд. Телефони боварӣ шабонарўзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад. Шаҳрвандони гиромӣ, ба тозагиву ободии ҳар як гўшаи ватанамон бетараф набошед!
Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади иҷрои нақшаҳои созандаву бунёдкорона, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Истиқлол 2 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф , ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва ба ҳамин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
12 December 2025
Ҳолати ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтон дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами наботот, тибқи нақшаи кории тасдиқгардида кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҷамоати деҳоти Пӯлотон худсарона бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист буриши 2 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Конибодом Сулаймонов А. мутобиқи моддаҳои 45, 62, 64-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаи 242 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
10 December 2025
11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷ
умҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15 фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.


