Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Гагарини шаҳр ду адад овезаҳои тарғиботии калонҳаҷм насб гардиданд. Мазмуни ин овезаҳо ба самти беҳдошти иқлим, тоза нигоҳ доштани табиат бо тасвири аксҳо таҳия гардида, ҳамзамон суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи табиат, аз ҷумла: “Мо бояд ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем”, навишта шудааст.
Аёдати собиқадорони соҳаи мақомоти ҳифзи муҳити зист
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи рузи таъсисёбии кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. як қатор собиқадорони соҳа аёдат карда шуданд. Ба собиқадорон кумаки моддиву молиявӣ расонида шуд.
Ниҳолшинонӣ дар хиёбони Истиқлоли ш.Хуҷанд
Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, ҷиҳати омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки директори пажӯҳишгоҳи ниҳолпарварии Академияи улуми Ҷумҳурии Белорусия Александр Таранов, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шахру вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ободонии шаҳр дар хиёбони Истиқлоли маҳаллаи Мевағули шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардида, дар қадди роҳ 400 бех ниҳолҳои ардач шинонида шуд. Меҳмонони кишвари Белорусия ин иқдоми сабзкориро истиқболи гарм намуда, онро ба беҳбудбахшии муҳити зисти шаҳр муфид арзёбӣ намуданд.
Ниҳолшинонӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф имрӯз дар майдони кабудизори ҳудуди Раёсат бо иштироки сардори Раёсат ва кормандон ниҳолҳои дарахтони ороишии кастона (каштан) 20 адад шинонида шуд.