Машварати кории назди сардори Раёсат

    Санаи 11 марти соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон машварати корӣ бо иштироки сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. доир гардид. Дар маҷлис муовини сардори Раёсат, сардорони шуъбаҳои Раёсат ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят дар 2 моҳи соли равон ва вазифаҳо барои бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти семоҳаи 1-ум мавриди баррасиву таҳлил қарор  гирифт.

Аёдати собиқадорони соҳаи мақомоти ҳифзи муҳити дар рӯзи иди модарон

   Санаи 7 март бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар се нафар бонувони собиқадори соҳа, ки дар нафақа мебошанд аз ҷониби сардори Раёсат ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.К. аёдат карда шудаанд. Табрикоти сардори Раёсат ва кӯмаки моддию молиявӣ ба собиқ сармуҳосиб Турсунова М., собиқ сардори шубаи назорати таҳлили Ҳакимхуҷаева Ф. ва собиқ сармутахассис оид ба кадрҳо Нурматова М. расонида шуд.

Табрикоти бонувон ба рӯзи иди модарон

Санаи 6 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат  бахшида ба Рӯзи модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини сардор  табрикоти сардори Раёсат Ҳакимзода А.К. -ро ба бонувон расонида, саҳми арзандаи бонувонро дар фаолияти мақомот зикр намуд. Сардори шубаи раёсат Садриддинова С.  барои  чунин арҷгузори нисбати занон изҳори миннатдори баён намуд.

 

Кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ

Бо баробари фарорасии фасли баҳор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд. Чун анъана исфарагиён бо мақсади ба диёри ҳамешасабз табдил додани шаҳр рӯзҳои истироҳати гузашта бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳашари ободонӣ баромада, дар анҷоми умури тозакуниву ободонӣ ва гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда, саҳми худро барои сабзу хуррам гардони шаҳр гузоштанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо рафти корҳои тозаю ободсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии шаҳр шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.