Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

     Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва сокинони маҳалла, соҳибкорон ҳамаги 26795 нафар иштирок доштанд. Дар ҷараёни аксия ҳудуди ҷойҳои  истиқоматӣ ва қадди роҳҳо тақрибан 3-4 км  ва чуйборҳо 3,8 км аз партовҳо тоза карда шуда, 226,5 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои шаҳр бароварда шуд. Баргузории аксия рўзҳои шанбе дар миқёси вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, тақвият бахшидан ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Гулистон

    Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон ба истиқболи идҳои миллии давлатӣ дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои маориф ва тандурустӣ аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия минтақаҳои истироҳатӣ, соҳили баҳри обанбори «Баҳри тоҷик» аз партовҳои гуногун ва алафҳои хушкшуда тоза карда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ашт вилояти Суғд

     Ба истиқболи шоистаи ҷашни 28 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта истодааст. Бо ин мақсад санаи  29 августи соли равон дар ҷамоатҳо бо  иштироки  аҳолии чамоатҳо, кормандони идораву ташкилотҳо аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия канори роҳи марказӣ ба масофаи 2 км, ҷуйборҳо ва гирду атрофи идораву ташкилотҳо  аз партовҳои истеъмолӣ ва алафхои хушкшуда тоза карда шуда  0,6 м3 партовҳо бароварда шуданд. Баргузории аксия дар ҳудуди ноҳия то 4 сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.