
Бо мақсади фаҳмонида додани муҳимияти сатҳи дониши экологӣ, махсусан байни насли наврас бахшида ба санаи экологӣ - рӯзи маърифати экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89 ҷамоати Моғиён, деҳаи Оби Борики ш.Панҷакент вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорони муассиса доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зист ва риоя намудани қоидаҳои безараргардонӣ барои пешгирии касалиҳои сироятӣ корҳои фаҳмонидадиҳи гузарониданд.



М
Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, 