Вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 24.05.2018 вохўрии намояндаи Раёсат бо омўзгорон ва донишҷўён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илми Донишкада баромад намуда, бобати аҳамияти ҷомеаи имрўза ба масъалаҳои экологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд. Баъд аз он, якҷоя бо донишҷўён филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шудааст тамошо карда шуд.

Имсол Ҳиндустон маркази таҷлили Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист тайин шудааст

Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972  таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инчониб ҳар сол аз ҷониби  мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар  кишварҳои дунё қайд карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли  2008 инҷониб дар сатҳи баланд ыайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Барои таҷлили глобалии ин санаи экологӣ одатан, яке аз кишварҳои дунё интихоб мегардад. Ғайр аз ин ҳар сол барои таҷлили ин санаи муҳими экологӣ шиори ид пешниҳод  мешавад.

Барномаи телевизионии мустақим

     Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар телевизиони вилояти Суғд санаи 16 май дар барномаи мустақими «Рӯ ба рӯ», ки ба мавзўи  маданияти шаҳрдорӣ ва қарори Раиси вилоят  аз  14.03.2018, № 89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи мењнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, сармутахассиси Раёсат иштирок намуд. Дар барнома асосан масъалаҳои  муомилот бо партовҳои сахти маишӣ, вазъи хизматрасонии хадамоти партовкашонии ш.Хуҷанд ба аҳолӣ, таъсири ифлосшавии маҳалли зист бо партовҳо ба саломатии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои марбута муҳокима гардид. Дар рафти барнома ба саволҳои шаҳрвандоне, ки тариқи телефон муроҷиат намуданд, ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ш.Исфара

     Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 16 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Исфара ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.