Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли равон

    Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳмоҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода  баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсат шунида ва муҳокима гардид. Дар навбати худ Раиси Кумита тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрику муборакбод намуд. Аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин дар интиҳо, як қатор кормандони Раёсат ва шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита бо нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” ва “30 солагии таъсисёбии мақомот”  мукофотонида шуданд.

Забони модариро пос дорем

   Дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Маҷлисро муовини сардори Раёсат Абдумаликов Б.А. ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҳозирин бо сухани табрикотӣ баромад ва қайд намуд, ки «забон мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад.Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣқарор мегирад. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд, ки “Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон саъйю кӯшиши зиёд менамоянд”. 

Аксияи “Зан ва тозагӣ” дар вилояти Суғд

    Бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаву озода намудани кучаву хиёбонҳо санаи 22 сентябри соли равон дар Раёсати хифзи мухити зисти вилоят  ва зерсохторҳои он бо иштироки беш аз 35 нафар занони мақомоти ҳифзи муҳити зист аксияи “Зан ва тозагӣ” гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур кӯчаву хиёбонҳо, қади роҳҳо ва ҷуйборҳо, атрофи биноҳои маъмурӣ  аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин дар саҳни ҳавлии биноҳои маъмурӣ гулҳои намудашон ҳархела шинонида шуд.

ЭЪЛОН

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1458 сомонӣ (категорияи сеюм)

- Сармутахассиси Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1032 сомонӣ; (категорияи панљум)

- Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1032 сомонӣ; (категорияи панҷум)

Скачано с веб-сайта JooMix.org.