Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон, аз ҷумла дар ҳудуди парваришгоҳи «Дараи сабз»-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Шаҳристон ва дар ҳудуди парваришгоҳи «Зарафшон»-и   Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент бо иштироки сардори Раёсат, бахши шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо намояндагони «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Исфара» дар минтақаи «Кӯҳи сиёҳ»-и ш.Исфара, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Истаравшан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Нофароҷ», минтақаҳои кӯҳии деҳаҳои Навобод ва Кунчок, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳия, намояндагони хоҷагии ҷангал санаҳои 8 ва 9 феврали соли ҷорӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон аз чоп баромад

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои  олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст.

Соли 2016 барои бо забонҳои русӣ англисӣ баргардондани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Раиси Кумита ба имзо расид.

Нишасти матбуотӣ

 Санаи 8 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи заминсозӣ ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.

    Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд» - Худойбердиев У.,  «Ризқофарин» - Бобоҷонова М., рӯзномаи «Ҷумҳурият» - Ҷ.Аштӣ, «Тирози ҷаҳон» - Ваҳҳобова М., «Садои мардум» - Мақсудов М., ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - Муродӣ Ф., оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» - Рофиева М., радиои «Озодӣ» - Имомов М., ШТР СМ-1 – Ҳ.Ҷӯраев ва Шамсиева Ф., ШТР «Азия» - Атаева М., ТВ «Диёр» Мирҷумаева Ф., рӯзномаи «Фараж» - А.Охунов, ТВ «7 ситора» - Мӯминзода М., рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» - Деҳқонова М., мухбири радиои «Тоҷикистон» - Мақсудова С., Б.Пӯлодӣ – радиои «Шаҳри ман», ТВ «Танин» - П.Аҳророва, радиои «Пайванд» - Марупов Ҷ. ҳамагӣ 19 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2017  дастрас гардид.   

Барномаи телевизионии «Муҳит»

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур якҷоя бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд аввалин барномаи телевизионии «Муҳит» таҳия ва пахш гардид. Дар он  масъулини вобастагардида - намояндагони Раёсати маориф, Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиш ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Намоиш ба муаррифии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бахшида шуда, мақсад ва ҳадафҳои қабул шудани он арзёбӣ гардид. Барномаи мазкур давоми сол таҳия гардида, пурра ба масъалаҳои экологӣ бахшида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.