Санаи 28 сентябри соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ифтитоҳи расмии Клуби шохмотбозони навраси «Ману меҳр ва Рустам» («М&Р») баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода С., раиси Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Р., намояндагон аз МИҲД вилояти Суғд, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси қайд аст, ки Клуби шохмотбозони наврас аз ҷониби Мунъимҷон Абдусамадов ташкил ва кушода шудааст, ки ҳамзамон он кас сарвари Клуби мазкур мебошанд. Солҳои тўлонӣ, то ба нафақа рафтан Абдусамадов М. дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об фаъолият карда, ҳамчун олим саҳми босазо гузоштаанд.



Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба идҳои давлатии миллӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.
Баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида истодааст. Ҳафтаи гузашта чунин чорабини дар ҷамоати деҳоти Куруш гузаронида шуд, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа кўчаҳои марказӣ, ҳудуҳои назди нуқтаҳои савдо ва муассисаву корхонаҳо аз партов, ҳамчунин ҷўйборҳо аз лойқа тоза карда шуда, дар маҷмуъ қариб 10 тонна партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Дар