Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногуни биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла бахши шаҳри Панҷакент дар минтақаҳои парваришгоҳи Зарафшон ва Колхозчӣ корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ дар минтақаҳои мазкур ба миқдори 300 кг гандум, 450 кг ҷав, 950 кг сабӯс, 536 кг оқшоқ, 1000 банд юнучка, 52 баста каҳ паҳн карда шуд. Рафти амалиёти мазкур тариқи телевизион, радио ва рӯзномаи маҳаллӣ инъикоси худро ёфт.
Гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ» аз тарафи Раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати сард омадани ҳаво дар назар аст.



Санаи 25 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сарпарасти соҳа – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст, баррасӣ карда шуд.
Санаи 24 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба Р
Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки