
Санаи 4 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки кормандон доир гардид. Дар баромади худ сардори Раёсат Темурҷон Нӯмонзода иброз намуд, ки боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз сокинони Ватани соҳибистиқлоламон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштаанд. Арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мешавад.



Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани
Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷамъбасти озмуни вилоятии «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсат Темур Нӯмонзода баромад намуда, қайд кард, ки чун анъана ҳар сол аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Мутахассисони шӯъбаи назорати таҳлилии Раёсат ҳар моҳ мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадиро гузаронида, ҳолати ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ-муҳофизатии корхонаҳои саноатӣ то хати сарҳади Чумҳурии Тоҷикистону