Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он дар таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд. Минбаъд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми навбатӣ гузошташуда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро истифода намуда, барои амалии пурраи онҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.
Аксияи «Барқарорсозии дарахтони боғи фарҳангию фароғатӣ»
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба муташаккилона гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ барои мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, ки бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №557 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии мухити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2022» тасдиқ гардидааст, санаи 17 декабри соли 2022, дар МД «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ниҳолшинониро баргузор намуд. Ба гузаронидани аксияи экологии ниҳолшинонӣ кормандони муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои дахлдор ва баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷавонон, донишҷўён ва хонандагони литсейҳои касбӣ ҷалб карда шуданд. Боиси қайд аст, ки дар боғи фарҳангию фароғатии мазкур тибқи талаботи меъёрҳои амалкунанда миқдори дарахт нисбат ба майдон кам буда, ба афзоиш ниёз дорад. Бо мақсади беҳсозии ҳолати экологии минтақа ва ҳудуди боғ дар рафти чорабинӣ зиёда аз 800 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкану хамешасабзи барои шинонидан дар ҳамин гуна боғҳо мувофиқ, шинонида шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби сарраёсат ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, кастона, павлония ва дигар харидорӣ гардид.
Озмуни экологии «Мо дўстдори табиат» байни кўдакон натиҷагирӣ шуд
Дар МТТ№ 1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дўстдори табиат» бо иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Азиз Ғуфронзода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов ҷамъбаст карда шуд. Бояд қайд намуд, ки озмуни «Мо дўстдори табиат» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Баъди омўзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд. Шоҳҷоиза насиби тарбиятгиранда аз МТТ №19 Азимҷон Ҳасанов гардид. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кўдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои рукнҳои “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хохиши устуувори, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифта, дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа ва бартараф кардани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом, санаи 14 декабри соли ҷорӣ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар рафти чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва Литсейҳои касбии шаҳр, дар маҷмўъ беш аз 3,8 ҳазор нафар иштирок карда, як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида шуд. Дар натиҷа, аз партовҳо тоза карда шуданд 9,8 километр ҷўйбору қадди роҳ, 300 метр минтақаи аҳолинишин аз алафҳои бегона ва 4 тонна партов ба партовгоҳ интиқол дода шудааст. Барои баргузории аксияи «Тозагии маҳал» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом барои иштирокдорон 1200 адад халтаи калони полиэтиленӣ бо мақсади ҷамъоварии партовҳо ва 140 адад дастпўшак дастрас гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки аз ҷониби ҷавонон 1173 халта партовҳо, аз он ҷумла зарфҳои пластикӣ, қоғазпора халтаҳои полиэтиленӣ ва ѓайра ҷамъоварӣ карда шуд.
More Articles...
- Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт
- 11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
- Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
- Ташкил ва гузаронидани лагери зимистонаи экологӣ дар шаҳри Гулистон