Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иқдоми шуъбаву бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва нохияи Айни бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр ва иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар парваришгоҳи Заравшон, мавзеъҳои Тегирмон, Раҷабалӣ ва Нилуфари ш. Панчакент ва мавзеи Дашти Искодари нохияи Айни корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии гандум - 200 кг, ҷав - 150 кг, , бастаи шолӣ – 43 адад, намак – 100 кг, ҷуворимакка – 100 кг пошида шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар мавзеъҳои баландкуҳи Панҷакент ва нохияи Айни низ дар назар аст. Тибқи маълумот дар ин мавзеъҳо ҳайвонотҳо ба монанди хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, бабри барфӣ, кабк ва дигар намуди паррандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.
Баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа
Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарону мутахассисони ҷавони зерсохторҳо семинари бозомўзӣ гузаронида шуд. Дар рафти семинар аз ҷониби сармутахассисони пуртаҷрибаи сарраёсат дар мавзўъҳои «Татбиқи «Лоиҳаҳои сабз» ва масоили обу иқлим дар маркази таваҷҷуҳ (аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 23.12.2022)», дар бораи рафти иҷрои Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи одоби хизматчии давлатӣ» ва татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Тарзи дуруст ҳисоб намудани пардохтҳои экологӣ, зарарҳои ба табиат расонидашуда дар самти ҳифзи замин ва КФМУ», «Тарзи дуруст кабул намудани ҳисоботи 2-ТП (ҳаво) ва ҳисоби дурусти зарар ба ҳавои атмосфера», «Тарзи дуруст қабул намудани ҳисоботи 2-ТП (об) ва ҳисоби дурусти зарари об», «Тарзи дуруст гирифтани намунаҳои об, хок, ҳавои атмосфера барои гузаронидани ташхис, муайян намудани вазъи экологӣ», «Риояи талаботи конунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳангоми додани санади аз назаргузаронӣ барои ҷудо ё вобаста намудани қитъаи замин», «Тартиби дуруст пешниҳод намудани ҳисоботи рӯзона, ҳафтаина ва моҳона», «Тартиби додани иҷозат ва иҷозатнома тибқи талаботи қонунгузорӣ» ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромаду маърўзаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар фаъолияти ҳаррўзаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад.
Саъба – парандаи соли 2023
Саъба парандаи андозааш хурд буда, ба оилаи чархресакҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда 15- 17 см, дарозии болҳои он 8-9 см ва вазнаш 17- 23 граммро ташкил медиҳад. Парҳои саъба серҷило буда, дар онҳо рангҳои сурх, зард, сафед ва сиёҳ ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд ва ба он ҳусни хоса зам менамоянд. Тавассути чунин тобиши зебои бадан саъбаро дар масофаи дур аз дигар парандагон фарқ кардан мумкин аст. Фардҳои нарина ва модинаи он зоҳиран аз ҳамдигар фарқияти зиёд надоранд. Саъба дар баробари булбул, кабк, бедона, тӯтию дурроҷ парандаи хушхон буда, дар байни дӯстдорони табиат маъруфияти хоса дорад. Ин паранда ба инсон зуд унс мегирад ва онро барои хониши форам дар қафас нигоҳ медоранд. Саъба монанди тӯтӣ калимаҳои алоҳидаро талаффуз намуда, ба одам тақлид мекунад. Дар шароити сунъӣ то 15 -20 сол умр мебинад. Саъба парандаи серҳаракату чолок аст ва дар муҳити хоси зист села села шуда зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон саъба ба истиснои Помири Шарқӣ дар ҳама минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баландиҳои 700 -2200 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Лонаи ин парандаи аљиб хеле нозукона аз лой ва гилу ришта ва хас сохта мешавад ва онхо ба инсон наздик буда бештар дар љангал ва боѓот лона мегузоранд. Саъба аз тухми растаниҳои гуногун ғизо мегирад, алалхусус дони растании мушхор, хори каррок, тухми офтобпараст ва ҷорӯбакро мепарастад.
Саъба – парандаи соли 2023
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид. Саъба парандаи андозааш хурд буда, ба оилаи чархресакҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда 15-17 см, дарозии болҳои он 8-9 см ва вазнаш 17 - 23 граммро ташкил медиҳад. Парҳои саъба серҷило буда, дар онҳо рангҳои сурх, зард, сафед ва сиёҳ ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд ва ба он ҳусни хоса зам менамоянд. Тавассути чунин тобиши зебои бадан саъбаро дар масофаи дур аз дигар парандагон фарқ кардан мумкин аст. Фардҳои нарина ва модинаи саъба зоҳиран аз ҳамдигар фарқияти зиёд надоранд. Дар баробари булбул, кабк, бедона, тутию дурроҷ саъба парандаи хушхон буда, дар байни дӯстдорони табиат маъруфияти хоса дорад. Ин паранда ба инсон зуд унс мегирад ва онро барои хониши форам дар қафас нигоҳ медоранд. Саъба монанди тути калимаҳои алоҳидаро талаффуз намуда, ба одам тақлид мекунад.
More Articles...
- Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Соли нави милодии 2023
- Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
- Вохўрӣ ва муҳокимаи эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд