Ноябрь 2023
30 Ноябрь 2023
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муайян намудани сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Барои гузаронидани пурсиш Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд интихоб гардида, моњи феврали соли 2023 бо ташаббуси сарраёсат дар толори марказ бо муовинон ва масъулини равияи «Табиатдӯстон»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардида буд, ки дар рафти он оид ба дуруст таҳия намудани ҳисоботи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корҳои фаҳмонидадиҳию омӯзишӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа байни омӯзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон (ҷ/ш Палос), Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ашт ва Спитамен пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд.
29 Ноябрь 2023
Вохӯрии гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади таҳкими ҳамкории гурӯҳикории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуровва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои бехатарии экологӣ дар толори донишкада вохӯрӣ баргузор гардид. Соли дуюм аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» таъсиси гурӯҳи корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати деҳоти мазкур амалӣ гардида, то айни ҳол як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо гузаронида шуданд. Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронидани вохӯрии навбатӣ дар донишкада дар он буд, ки аз як тараф шиносоӣ ва ҳамкорӣ пайдо намудани гурӯҳикорииҷамоати деҳоти Ғозиён бо «Клуби экологӣ»-иДонишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аз дигар тараф ҷалби донишҷӯён, аъзоёни «Клуби экологӣ» ба масъалаҳои экологии ҷамоати деҳот ва ноҳия, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологии онҳо саҳм мегузорад.
22 Ноябрь 2023
Ифтитоҳи Маркази ташхиси экологӣ дар назди факултети геоэкология ва туризм дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ректор Усмонзода А.И., мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Султонӣ Т., директори Намояндагии Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оливе Норманд, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ., ва дигар шахсони масъул Маркази ташхиси экологӣ бо озмоишгоҳи таълимӣ дар назди факултети геоэкология ва туризми ифтитоҳ гардид. Тавассути ҳамкории устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм бо Намояндагии Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ташхисии экологӣ ба маблағи наздик ба 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникӣ барои гузаронидани ташхисҳои лаборатории оби ошомиданӣ ва партовобҳо, ташхиси партовобҳо дар шароити саҳроӣ туҳфа карда шуд. Таҷҳизоти муҷаҳазшуда иборат аз мултиметр, спектрофотометр, автоклав, тарозу бо хушккунӣ, яхдони статсионарӣ, яхдон барои корҳои саҳроӣ, спектрофотометри бисёрфунксионалӣ, дистилятор, комплекти таҷҳизот барои ташхиси бактериологӣ, маҷмӯи зарфҳои химиявӣ ва биологӣ барои гузаронидани ташхис, комплекти реактивҳои химиявӣ, маҷмӯи таҷҳизот барои ташхиси бактериалӣ ва ғайра иборат мебошад.
Ҷалби сокинони ноҳияи Деваштич ба тоза намудани шоҳроҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ яке аз шоҳроҳҳои асосии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо воситаи он сокинони кишварамон ва меҳмонон рафту омади бисёр доранд. Бинобар он, назорати мунтазам тозаю озода нигоҳ доштани шоҳроҳ ба вазифаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дохил гардида, зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ки аз дохили шаҳру ноҳияҳои онҳо шоҳроҳ мегузарад тадбирҳои заруриро меандешанд. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби 85 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия ва намояндагони ташкилоту муассиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ аксияи экологии «Тозагии шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоат 23 км шафати роҳҳои нақлиётгард аз партовҳои гуногун тоза гардида, 2,1 тн партов бо техникаи махсус ба партовгоҳи марказии ноҳия интиқол гардид. Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти иттилоот ва маориф бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо намояндагони васоити ахбори омма корбарӣ карда, рафти баргузории аксия аз ҷониби кормандони телевизиони ҷумҳуриявии «Синамо» наворбардорӣ гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили мунтазами чунин чорабиниҳо ба беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
20 Ноябрь 2023
Аксияи экологӣ бо иштироки волонтёрон ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бо иштироки 40 нафар волонтёрон дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузарониданд. Дар оғози аксияи мазкур 120 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ ва 40 адад дастпушак ба иштирокдорон тақсим гардида, дар натиҷа 5,5 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаи махсуси муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки пеш аз гузаронидани аксия тарики радиои маҳалии «Парвин FM» ба тамоми сокинони шаҳр оид ба баргузории чорабинии мазкур баромаду эълон карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва минбаъд ҷалби оммаи васеи сокинон ба гузаронидани аксияҳои экологӣ рафти корҳои иҷрошуда аз ҷониби намояндагони телевизиони марказии шабакаи «Тоҷикистон» наворбардорӣ гардид ва дар барномаи иттилоотӣ пахш карда мешавад.
Намоишгоҳи расмҳо - "Ҷаҳони пластикӣ"
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд намоишгоҳи расмҳо дар толори «Маркази Амрикоии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкур дар натиҷаи ҳамкории семоҳаи сарраёсат, ташкилоти ҷамъиятӣ ва аксбардор Ҳошимов Ш. ба амал омада, дараҷаи афзоиши ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ, инчунин сатҳи нокифояи огоҳии аҳолӣ дар робита ба ин мушкилот боиси эҷоди аксҳо ва баргузории худи намоишгоҳ гардидааст. Аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ ва аксбардор кӯшиш карда шуд, ки тавассути камераи аксбардорӣ таъсири зараровари миқдори зиёди партовҳои пластикӣ ба ҳаёти инсон ва муҳити зист инъикос ёбад. Боиси қайд аст, ки Ҳошимов Шавкат хатмкунандаи барномаи магистр дар соҳаи аксбардории касбии Институти тарроҳии Аврупо (Мадрид, Испания), финалисти дукаратаи ниҳоии озмуни аксҳои HIPA Award (Дубай, АМА), ғолиби озмуни 4-уми байналмилалии аксҳои «Модар ва кӯдакон дар либоси миллӣ» (Маскав, Федератсияи Русия) мебошад. Дар соли 2024 ташкили чунин намоишгоҳ бо зиёд ва васеъ намудани аксҳои намоишӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон, шаҳри Душанбе дар нақшаи ҳамкории сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва камнамудани ихроҷи моддаҳои зараровар аз нақлиёт дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавоитоза»-ро баргузор менамоянд. Тибқи нақшаи корӣ, бо иштироки нозирони давлатии бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи марказии шаҳри Конибодом амалиёти мазкур доир гардида, дар рафти он 35 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Ҳангоми санҷиш миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардида, барои ихроҷи барзиёд ва вайрон намудани меъёри стандартҳои давлатии амалкунанда, нисбати 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта барои чораандешии минбаъда ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.
16 Ноябрь 2023
Озмун – викторинаи экологӣ байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои «Нозирони сабз» аз 6 муассисаҳои таълимӣ озмун – викторинаи экологӣ баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ чунин чорабинӣ гузашта буд, аммо бо ташаббуси худи хонандагон ва омӯзгорон дастаҳои нав ташкил гардида, онҳо дар озмуни мазкур аз рӯи 3 шарт - «муаррифӣ», «видеоролик» ва «викторина» баромад намуданд. Баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мавзӯъ ба «энергияи сабз» ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ бахшида шуда, аъзои ҳайати 4 нафар ҳакамон – намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом баромади дастаҳоро баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи «Сарфакор» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Фурӯзон» аз МТМУ №24 - ҷойи 2-юм ва дастаи «Қувваи барқ» аз МТМУ №46 - ҷойи 3-юм шуда, соҳиби ҷоми озмун, сертификат ва тӯҳфа гардиданд.
14 Ноябрь 2023
Баргузории аксияи экологӣ бахшида ба «Рўзи дарёи Сир»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бахшида ба «Рўзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврўзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муњити зист дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, Ташкилоти ҷамъятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» аксияи экологӣ баргузор гардид. Соли дуюм аст, ки бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об «Рўзи дарёи Сир» дар моҳи октябр қайд гардида, пас аз ба итмом расидани мавсими истироҳатии тобистона минтақаҳои соҳили боғи мазкур аз партовҳои пластикӣ ва дигар партовҳо тоза карда мешаванд. Барои гузаронидани аксия ҷавонон ва доираи васеи дўстдорони табиат ҷалб гардида, ғайр аз корҳои тоза намудани соҳили дарёи Сир байни донишҷўён озмун – викторина гузаронида мешавад ва ғолибон соҳиби тўҳфаҳо мегарданд. Дар рафти аксияи экологӣ, ҳамагӣ беш аз 70 нафар донишҷўёни маҳфили «Эколог»-и факултети геоэкологияиМДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», аъзоёни «Эко – клуб»-и Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон ва донишҷӯёни эко – фаъолони ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҳамчунин зиёда аз 30 нафар намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ташкилоти ҷамъиятию байналхалқӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
11 Ноябрь 2023
Ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи 10 ноябри соли 2023, дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Шерализода Б.А. ва муовини якум Қиёмзода З.С., муовини Раиси вилоят, сарпарасти соҳа Зариф Мирдадо, инчунин сардорон, муовинон ва сармутахассони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони сарраёсатҳо дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, раёсати минтақаи Кӯлоб, шуъба ва бахшҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, муассисаи давлатӣ ва марказҳои Кумита, кормандони сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа се масъала мавриди баррасӣқарор дода шуд: 1) доир ба ҳолати иншоотҳои партовобтозакунии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд; 2) оид ба баррасии натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд; 3) фаъолияти мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ.