Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Истаравшан

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология, биология ва географияи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома, ҳифзи ҳавои атмосфера ва муаммо дар ин самт, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

1300 рўзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Истиқлол

    Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Истиқлол дар доираи эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Тозаги махал» бо иштироки шуъбаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №  1, 2 ва 6, дар маҷмуъ беш аз 170 нафар баргузор гардид. Дар натиҷа дар рафти аксия кучаи Меҳнатободи шаҳр, зиёда аз 1,5 км қади кўчаҳои нақлиётгард аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Ҳамзамон 15 тонна партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудаанд.

Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 

р/т

Номгўи мансабњо

 

Маоши мансабӣ (сомонӣ)

Номгўи  категорияњо

1

Сармутахассиси Шуъбаи назорати таҳлилииРаёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

1032

панҷум

2

Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

1032

панҷум

3

Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити шаҳри Хуҷанд

1032

панҷум

4

Мутахассиси пешбари Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан

804

шашум

5

Мутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

660

ҳафтум

6

Мутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом

660

ҳафтум

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи панҷум;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи шашум;

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишщолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

- 1сол собиқаи меҳнатӣ.

 

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум;

- таҳсилоти олӣ ёмиёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

 

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозааш 4 х 6)

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайраз ҳолате, кишахссобиқаимеҳнатӣ надорад);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбироадонамудаанд).

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзинашри эълон пешниҳод намоянд.

Оид ба гирифтании маълумотхои иловагӣ метавонед тариқи сомонаи ecosugd.tj ё ба суроғаи ш.Хучанд, хиёбони Р.Набиев №211, муроҷиат намоед. телефонҳо: (3422) 6-03-95, 4-09-50

Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Конибодом

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Ҳабибахон Каримоваи  шаҳри Конибодом вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии шаҳр, инчунин хонандагони синфҳои болои мактаби мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати маорифи шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома ва соҳаи ҳифзи муҳити зист, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.