Ошкор намудани қонунвайронкунӣ

Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, санаи 31.10.2019 ҳангоми гузаронидани рейди фаврӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҳодисаи қонунвайронкуниро ошкор намуданд. Аз тарафи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров Собиров Р., дар соҳили чапи дарёи Сир як мошини тамғаи «Портер» партовҳои сохтмонӣ ғайриқонунӣ ва дар ҷойи ғайрирасмӣ партофта шудааст, ки ин кирдор хавфи ифлос шудани манбаъи об гардид. Барои вайрон талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист бо моддаи 177 «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» протокол тартиб дода шуд. Барои андешидани чораи ҷаримабандӣ ва пешниҳоди ҷуброни зарари ба табиат расонида, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров корбарӣ амалӣ гардида истодааст.

Гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон

    Мувофиқи нақшаи кории раёсат дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи октябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 71 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон протоколҳои мазкур барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳри Гулистон ирсол гардид.

Аксияи "Тозагии маҳал" дар вилояти Суғд

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар давоми моҳи октябри соли равон бахшида ба 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва Айнӣ, дар маҷмуъ 3 маротиба аксияи "Тозагии маҳал" баргузор гардид. Дар рафти аксия 5492 нафар иштирок намуда, дар натиҷа як қатор корҳо, аз қабили тоза кардани чўйбор - 19,4 км, тоза намудани қадди роҳҳо - 6,8 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ - 2,9 км, тоза намудани заҳбур ва канал - 5 км, баровардани партов - 64,2 метри мукааб ба сомон расонида шуд.

Мониторинги экологии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд

Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масофаи аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардид. Ҳамзамон ҳолати ҳавои атмосфера ва дараҷаи радиатсияро дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида, тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо муайян карда шуд. Дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, мавзеъи Янги – Қўрғон дар масофаи аз 0,5 км – 2 км намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир ҳар моҳ аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.