Семинари бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои нимсолаи дуюми соли равон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи  14 июли соли равон семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои муҳим - асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, пешбурди ҳуҷҷатгузории парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пешниьоди маводҳо ба Раёсат бобати тариқи судӣ руёнидани маблағи пардохт ва ҷуброни зарар, намуди санҷишҳо мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дастури методӣ оиди санҷиши объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳои экологӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар  шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом аз 28 то 30 июни соли равон чорабиниҳои мухталиф ба монанди сӯҳбату мулоқотҳо, аксияҳои экологӣ, тренингҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки ҷавонони фаъол, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва клуби волентерони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Рузи якум дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолҷавонон – донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мулоқот, боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Камоли Хуҷандӣ, тамошои филми ҳуҷҷатии «Хона» оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёра дар «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост» дар маркази ш.Хуҷанд доир гардид.

Ваҳдат

Санаи 23 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат тибқи нақшаи кори ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати милли ва Соли ҷавонон, бо кормандони Раёсат – мутахассисони ҷавон вохӯрии намояндаи КИ ХХДТ дар ш.Хуҷанд, сармуҳаррири рӯзномаи “Маърифати хукуки”, доктори илмхои иктисоди, устоди Донишкадаи иктисод ва савдо Азимов А.Ч. баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби маърӯзачи  оид ба корномаҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарории сулҳу субот ибрози назар карда шуда, оид ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба ин санаи фархунда, дастовардҳо дар Соли ҷавонон ва амсоли инҳо андешаронӣ сурат гирифт.

Консерти идона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматов ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур  Нӯмонзода  баромад  намуданд. Бахшида 45-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз тарафи Раиси Кумита, сардори Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд як қатор кормандони соҳа, рӯзноманигорон, намояндагони ташкилотҳои байнал-халқӣ ва иштирокчиёни фаъоли аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Пас аз қисми расмии барно-ма консерти идона бо иштироки ситораҳои санъати вилоят идома ёфт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.