Имрӯз дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар минтақаи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 60 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва намояндагони хамаи сохторхои давлати 73-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба бо тантана таҷлил карда шуд. Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиа бори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири посдоштани диловари вушуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.
Имрӯз 9 май – Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шараст, фарорасид. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёдовардем.