Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қадди роҳи марказии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи кабудизоркунӣ доир гардид. Он бо иштироки кормандони бахш ва аҳолии ҷамоати деҳот гузаронида шуда, дар роҳи марказӣ 200 бех ниҳоли дарахтони сановбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ идома дорад.
Қадрдонӣ намудани бонувони КДФ ХМК -и шаҳри Панҷакент
Бахшида ба Рӯзи модар бо иқдоми кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент 80 нафар занони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилии коммуналии шаҳр, ки шабонарӯз барои боз ҳам тозаву обод ва зебову дилрабо гаштани шаҳр заҳмат мекашанд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Мудири бахш оид ба нақши бузурги бонувону занон дар ҷомеаи демократӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, саҳми арзандаи онҳоро дар беҳдошти муҳити зист қайд намуд.
Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Истиқлол
Дар рафти маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зист анъанавӣ буда, чунин аксияи навбатӣ бо иштироки 340 нафар омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохтору сокинони шаҳр дар кўчаҳои асосӣ гузаронида шудааст. Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист маҳалаҳои аҳолинишин, зиёда аз 2,5 км ҷўйбор, 3 км қадди роҳ ва ҳудуди муассисаҳои таълимӣ аз ҳама гуна партовҳо тоза гардида, 60 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд. Ғайр аз он, яке аз иқдомҳои беҳтрин дар обод намудани диёри худ ин таъмири роҳ ба ҳисоб рафта, дар беш аз 2 км роҳ чунин корҳо анчом дода шудааст. Бояд қайд намоем, ки дар давоми сол дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ чунин аксияҳои экологӣ мунтазам гузаронида мешаванд ва баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар беҳбудии муҳити зист саҳми хонандагону ҷавонон назаррас мебошад. Дар ин раванд бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи маҳсуб меёбад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Деваштич
Бахшида ба иди аҷдодии миллии дар пешистода, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузории аксияҳои экологӣ ва шанбегиҳои оммавӣ идома доранд. Тибқи нақшаи пешбинигардида дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо иштироки беш аз 210 нафар сокинони ҷамоат аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шудааст. Дар рафти аксия корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани 2,1 км ҷўйбор, сафед кардани 2840 бех пояи дарахтон, шинонидани 180 бех ниҳоли дарахти санавбар ва 420 бех ноҳолҳои дарахтони сояафкан амалӣ гардидааст. Ҳамчунин, қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза гардида, ба партовгоҳи ноҳия 1,2 тн партов интиқол дода шудааст.