Санаи 17 марти соли 2022 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд конференсия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об бо иштироки намояндагони Лоиҳаи миллии раёсати захираҳои об дар Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятии марбутаи соҳаи об, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ аз ҷониби Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё гузаронида шуд. Дар рафти конференсия мутахассисону коршиносон дар мавзӯи таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии об, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби сайёра, обҳои зеризаминӣ ва заминаи ҳуқуқии идоракунии обҳои зеризаминӣ тибқи нақшаи ҳавзавӣ барои солҳои 2021-2025, истифодаи обҳои зеризаминӣ дар обёрӣ, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи обҳои зеризаминӣ, таъсири лоиҳаи WAPRO ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ призентатсияҳо пешкаши иштирокдорон намуданд. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани конференсия баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ва ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маҳсуб меёбад.
Об ҳасту ҳаёт пойдор аст
Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар МТМУ № 113-и деҳаи Тагоби халқ ҷамоати деҳоти Вору ва МТМУ № 3 шаҳри Панҷакент зери унвони «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст» вохӯриҳо гузаронида шуд. Зимни суханронӣ мутахассисони бахш оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об, самаранок истифода бурдани захираҳои об, иштироки фаъолона дар аксияи «Тозагии соҳил» баромадҳо намуданд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ
Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ менамуданд. Хушбахтона пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст».
Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд
Дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои нақшаи корӣ, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 бо иштироки корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Аз ҷониби корманди шуъба ва омӯзгорони коллеҷ оид ба мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромадҳо карда шуд. Баргузории чунин вохӯриву семинарҳо, тарғиби санаҳои экологӣ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.