Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани ҷўйбору майдонҳои марказ аз хазону баргҳои хушк дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудааст. Дар рафти аксияи мазкур беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои шаҳрак, аз ҷумла омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, як ќатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмўъ, ба масоҳати 47 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд ва ба масофаи 6,6 километр ҷӯйборҳо тоза гардида, ба партовгоҳ 51,4 тонна партовҳо бароварда шудааст. Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва марказӣ намоиш дода шуд.
Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ
Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади роҳандозии назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти фаврӣ дар минтақаҳои соҳили Сирдарёи ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз он ҷумла минтақаи Туқай гузаронида шудааст. Дар рафти амалиёт бо зиёда аз 20 нафар моҳидорони ҳаваскор, ки сокинони ҷамоати деҳоти Деҳмой, Гулхона, Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия мебошанд, корҳои фаҳмондидаҳӣ ва ташвиқотӣ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид. Ҳангоми амалиёти фаврии мазкур як қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати сокини ҷамоати деҳоти Гулхона Ҳурсанбоев Алиҷон протокол бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин амалиётҳои фаврии назоратӣ гузаронида мешаванд.
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент
Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Панҷакент маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ин маърака фаъолона иштирок намуданд ва қайд кардан бамаврид аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҳисоби бахш 50 адад арча, 630 адад туяи шарқӣ, дар маҷмӯъ 680 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз харидорӣ карда шудааст.
Семинар машварат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар замони муосир, ки тараққиёти иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин талабот рӯз аз рӯз ба об меафзояд, қимати об аз нархи он гаронтар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 айни замон чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, бо иштироки масъулини мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Лоиҳаи (Канада) Котиботи байналхалқии об дар вилояти Суғд ва беш аз 220 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Гулхона, семинар машварат дар мавзӯи «Таъмини аҳолии деҳа бо оби нӯшокӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти семинари мазкур қайд гардид, ки норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокинони сайёра аз надоштани дастраси ба об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунанда аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърузаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегирад.