Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус

  Санаҳои 19 - 20 ноябри соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣоидбатаҳкимимеханизмҳоитатбиқи муқарраротиКонвенсияиОрхус баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хорог ва Ғарм, намояндагони дигар ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти ҳифзи муҳити зист, инчунин аз вилояти Суғд сармутахассиси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок дошта, чорабинӣ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар рафти семинардар бораи қоидаҳо ва принсипҳоиКонвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣинъикос шуда, ҳамзамон презентатсияҳоиМарказҳои Орхус дар бораи фаъолияти худ пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисми муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, ҳамчунин дар гурӯҳҳоихурд корбарӣ карда шуд.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Зимни суханронӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Ғаффоров Ҷ. аҳамияти баргузории «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» васаҳми бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори давлати навини тоҷикон қайд намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, пешрафту нумӯи давлати тоҷикон аз файзу баракати ин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма гирифт. Кормандони бахш низ оид ба сиёсати пешгирифтаи хирадмандона ва бо шарофати Сарвари давлат хубу беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ баромадҳо намуданд.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент

  Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахш маҷлиситантанавӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода А.И. зикр намуд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле бузург аст. Дар рафти маҷлис кормандони бахш баромадҳо намуда, аз ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар масоили об, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дастгирӣ ёфт, суханронӣ намуданд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Турсунов С. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Дӯсматов А. ва устоди коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турсунов С. саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт ва тараққиёти кишвар  таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқи тоҷик як умр боқӣ хоҳад монд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.