Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар маҳалҳои аҳолинишини вилоят дар асоси қарори Раиси вилоят аз 14 декабри соли 2020, № 358, санаи 24.12.2020 сол бо иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. дар деҳаи Маҳрам, ҷамоати деҳоти Э.Шарипов ба микдори 110-бех ниҳолҳои санавбар ва дар ҷамъияти саҳҳомии Э.Бойматова дар наздикии шоҳроҳи мошингарди Конибодом-Равот ба миқдори 700 бех ниҳолҳои сафедор ва 90 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Инчунин дар наздикии роҳи Конибодом-Ким дар шаҳраки Наврӯз дар майдони 1-га боғи интенсивӣ ташкил карда шуда, ба миқдори 1050 бех ниҳолҳои зардолу, гелос ва дигар ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд.
Насби лавҳаи иттилоотӣ
Бо мақсади ҳифз ва барқарор намудани макони афзоиши парандаҳои нодир ва маҳвшудаистода, бо ташаббуси ташкилоти байналмиллии НАБУ ва иштироки кормандони Раёсат дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Раҳмон-и ноҳияи Ашт лавхаи итилоотӣ насб карда шуд. Мавзеи мазкур ҷойи калидии лонагузории лаклаки сафед буда, айни замон дар ин мавзеъ 28 ҷуфт лаклаки сафед лона мегузорад. Чанде пеш бо мақсади барқарор намудани лонаҳои осебдидаи лаклаки сафед, бо ташаббус ва дастгирии ташкилоти байналмилалии НАБУ, ҳамзамон зери назорати намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ин мавзеъ миқдори лонаҳои вайронгаштаи лаклаки сафед аз нав барқарор карда шуданд.
Насби овезаҳои экологӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси супориши роҳбарияти Кумита, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои назоратию тарғиботӣ дар бораи партофтани партовҳо, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳр 4 адад овезаҳои экологӣ насб карда шуданд. Риоя ва назорати қоидаҳои мазкур дар беҳдошти муҳити зист ва солимии ҷомеа мусоидат менамояд, зеро ҳаёти бехатари аҳолӣ аз ҳифзи муҳити зист ва табиати солим сарчашма мегирад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт
Бо мақсади иҷрои саривақтии қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №358 аз 14.12.2020 сол дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, канори роҳи асосии Шайдон-Хуҷанд 250-бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 200 нафар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаю ташкилотҳо, муассисаи хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гузаронида-ни маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия пешбинӣ гардидааст.