Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар маҳаллаҳоишаҳри Панҷакент аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Мақсади гузаронидани чорабинии мазкур ин тоза намудани маҳалли зист аз партовҳо ва баргҳои хушки дарахтон мебошад, ки ҳамчунин ҷиҳати пешгирӣ аз касалии COVID-19, эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон ва умуман бехатарии экологии минтақа аҳмияти зиёд дорад.
Дар баргузории аксия беш аз 500 нафар сокинони маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, асосан бо корҳои тоза намудани саҳни ҳавлии биноҳои бисёрошёна ва кўчаю роҳ машғул шуда, аз ҷумла зиёда аз 5,5 км ҷўйборҳои қади роҳ тоза гардид. Ба партовгоҳи шаҳрӣ кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёда аз 30 метри мукааб партов бароварда ҷойгир намудаанд.



Бахшида ба санаи 10 октябр - Рўзи ҷаҳонии муҳоҷирати парандаҳо дар факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» семинар – вохўрии намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо донишҷўён баргузор гардид. Аз чониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба аҳмияти ҳифзи муҳоҷирати парандаҳо, дар фасли зимистон гузаронидани корҳои биотехникӣ дар доманаи кўҳҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи олами ҳайвонот суханронӣ карда шуд. Дар охири семинар – вохўрӣ саволу чавоб бо мутахассисон ва ҳам бо донишҷўён ба амал омада, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Санаи 10 октябри соли равон нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат якҷоя бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалиёти муштараки «Кўкнор - 2020»-ро баргузор намуданд. Дар
Дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд, кўчаи Ҷавонӣ, аксияи «Тозагии роҳ» ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз