Вохӯрӣ дар гимназияи ноҳияи Зафаробод

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ ва Рӯзи Замин санаи 15 апрели соли равон дар гимназияи №1 ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия чорабинии маърифатӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 50 нафар муҳассилини гимназия ва омӯзгорон иштирок намуданд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Сафаров Ф. ба хонандагон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳифзи захираҳои об ва замин, масъалаи партов баромад намуда, барои иштироки фаъолона дар аксияхои экологӣ ба хонандагон тӯҳфаҳои  хотиравӣ  тақдим намуд.

Маданияти экологӣ– таъмини ҳаёти солими насли оянда

Ҳамасола санаи 15 – апрелро дӯстдорони табиат чун Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати  ояндаи солим барои инсон мебошад. Бахшида ба Рӯзи  дониши экологӣ санаи 15 апрел дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии  № 6  ба  номи  А.Рудакии ш.Хуҷанд дарси экология таҳти роҳбарии  омӯзгор Зиёбоева С. дар синфи 9 ба ин мавзуъ бахшида шуд.  Дар он  сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Меликбоева Ш., сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд Дӯсматов А. ва сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Хуҷанд  Сангинова М. иштирок доштанд.

Вохӯрӣ бо директорони мактабҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Тибқи нақшаи корӣ, дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ бахшида ба 15-уми апрель - Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар Гимназияи-1 ба номи Камоли Хуҷандӣ  ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия вохурӣ - машварат баргузор гардид. Дар  он  37  нафар сарварони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд. Рафти вохӯрӣ аз тарафи кормандони бахш ва дигар иштирокчиён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани дониши экологии хонандагон ва ҷалби онҳо ба ҳифзи муҳити атроф,оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26.12.2019 баён гардидаанд, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баромадҳо карда шуд.

Аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" дар миқёси вилояти Суғд

Баҳри иҷроиши нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ санаи 11.04.2020 дар тамоми шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" баргузор гардид. Дар аксияҳои мазкур беш аз 11567 нафар иштирок намуда, 19636 метр ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш, 23673 метр қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 121,6 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд. Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин – 24867 м2, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ва бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо ёрии техникаҳои зарурӣ, тоза намудани сохилҳои манбаъҳои обӣ – 10830 метр, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан – 2180 бех, ва сафед намудани роҳгаштҳо-2100 метр ба иҷро расонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.