Ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ - ин гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, ҳамкории доимӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Соли гузашта бо дастгирии  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияҳои тозагии муҳити зист ва вохӯриҳо бо насли наврас ташкил ва гузаронида шуд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд барои саҳми арзанда, ҳамкории тарафайн ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ҷамъият бо сипоснома  сарфароз гардонида шуд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар соли 2019

Санаи 2  январи соли равон  дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и ш.Хуҷанд  ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода ва муовини Раиси вилоят Р.Каримзода баргузор гардид.  Рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 шунида шуд. Дар навбати худ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.

Мониторинги экологӣ дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи декабр, тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад амалӣ ва ҳолати ҳавои атмосфера, инчунин дараҷаи радиатсия дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида шуд. Дар ҷамоати дењоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, мавзеъи Янги – Қўрғон, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, дар масофаи аз 500 м то 2 км дур намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардида, натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида, нишондоди ташхиси фулузоти вазнин аз меъёр зиёд мушоҳида карда нашуд.

Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

    Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят Паёми имсоларо, ки  тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишварро бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии  босаодати мардуми кишвар мусоидат  хоҳад намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.