Ноҳияи Айнӣ таърихи зиёда аз 1300 сола дошта, маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки муаррихи араб Алистархӣ ва адиби барҷаста Захириддин Бобур онро кашф намудаанд. Шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва боғдорию чорводорӣ мебошад. Ҳар як деҳаи хурду калони ноҳия манзараҳои нотакрор дошта, сайёҳонро мафтун намудааст ва онҳо аз тамошои он манзараҳо лаззат мебаранд. Ноҳия дорои якчанд ширкатҳои туристӣ буда, Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, дараи Яғноб, маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносиро дарбар мегирад. Инчунин қадамҷои орифи бузург Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб, мулло Абдуллои Валӣ дар деҳаи Ревад, масҷиди гузари Лангар, қадамҷо ва зиёратгоҳи шайх Абулқосим Гургонӣ дар деҳаи Урметан буда, имрӯзҳо ба маркази фароғату истироҳати сайёҳони ватанию хориҷӣ табдил ёфтааст. Ноҳия дар самти сайёҳӣ, экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, тиҷорат, табобатию этнографӣ ва туризми кӯҳнавардӣ хеле қулай мебошад. Инчунин дар ноҳия шумораи масҷидҳо, кушкҳо, ғорҳо, мавзеъҳои таърихӣ, калъаҳо зиёд буда, таърихи қадимаю бой доранд.
Муомилот бо партовҳо дар шаҳри Хуҷанд таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади ба низомдарории реҷаи баровардани партовҳо мавриди амал қарор дода шудааст. Ҷойгир намудани партов ба нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мувофиқи ҷадвали корӣ аз тарафи КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо 31 адад техникаҳо дар 3 баст фаъолият мебарад.
-Басти 1-ум аз соати 5.00 то 13.00
-Басти 2-юм аз соати 8.00 то 16.00
-Басти 3-юм аз соати 17.00 то 24.00 хизматрасонц менамояд.
Ҳамарӯза аз тарафи КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби корхонаҳои партовкашони шаҳр мувофиқи маълумот аз шаҳр 500-600 м2партов ба партовгоҳи умимишаҳрӣ бароварда мешавад.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ дар ш.Гулистон вохӯрии мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо донишҷӯёни курси 3-юм доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъирёбии иқлим, обшавии пирьяхҳо ва ҳифзи онҳо, самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, муомилот бо партовҳо, муаррифии минтақаҳои сайёҳии маҳали зист ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баромадҳо шунида шуд. Аз ҷониби донишҷӯён низ фикру ақидаҳо нисбати беҳдошти муҳити зист, вобастагӣ ва таъсири муҳити зист ба саломатии инсон, масъалаҳои ҳалталаби экологӣ баён гардиданд. Баргузории чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ дар миқёси вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Баргузории ҳашари умумӣ дар ноҳияи Зафаробод
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод, бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, санаи 7 декабр амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи ташкилот, идора, мактаб ва ҳудудҳое, ки ба онҳо вобаста карда шуда буданд тоза намуданд. Дар аксияи мазкур 1410 нафар иштирок намуда, ба миқдори 13,6 тн. партовҳо бароварда шуд, 2140 м ҷуйбор ва 10080 метр каналҳо тоза карда шуданд. Ҷойҳои партовҷамъкунии муввақатӣ аз партовҳо тозава таъмир гузаронида шуд.