
Дар асоси нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ партофтани партовобҳо аз тарафи корхонаи ҶДММ «Орди фатир» ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати ҷамъияти мазкур бо моддаҳои 177 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 219 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, намунаи партовоб барои ташхис ба шуъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зист фиристонида шуд.




Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.