Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъ-оварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ва иҷрои банди 6-и протоколи ҷаласаи кории назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2019 қарори Раиси вилоят таҳти №472, аз 16.12.2019 «Оид ба таъсис додани комиссияи вилоятӣ» доир ба татбиқи қарори мазкур ба имзо расид. Ба ҳайати комиссия намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилоят,маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ, раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи энергетика ва саноати МИҲД вилоят, маркази стан-дартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, намояндагии ширкати саҳомию холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар вилоят, ҶСК «Чароғ»-и ш.Исфара, ҶДММ «Сомон-энержӣ»-и ш.Хуҷанд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист»-и вилоят, идораи телевизион ва радио, рӯзномаҳои вилоят шомил гаштаанд.
Аксияи «Тозагии муҳити зист» дар н.Зафаробод
Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар боғи фарҳангӣ ва фароғати ноҳияи Зафаробод шанбегии дастҷамъона доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод дар он кормандони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо бо иштироки беш аз 300 нафар иштирок намуда, зиёда аз 3,7 тонна партовҳо, 340 метр ҷуйборҳо ва 850 м2 замин барои шинондани ниҳолҳо ва гулҳои ороишӣ омода карда шуд. Баргузории чунин аксияҳо бахшида ба идҳои давлатӣ дар дигар маҳаллу ҷамоату деҳотҳо низ дар назар аст.
Муаррифии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - меъморӣ
Дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бори дигар дарк намуд, ки халқи тоҷик гузаштаи бою таърихӣ дошта, ҳар як арзиши миллии мо, ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносӣ тарбия менамояд. Зеро маҳз дар ин солҳо барои ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад ва маблағҳои зиёде ҷудо мегарданд, ки мероси гаронбаҳову таърихии мо аз нав таъмиру тармим ва манзури меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардонида шавад. Конибодом дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои боэътимоди илмӣ ба ҳайси яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Яке аз шохаҳои роҳи бузурги Абрешим 3700 сол муқаддам аз ин шаҳр мегузашт ва тавассути Хуҷанду Истаравшан, Самар-қанду Бухоро то ба Марв мерасид. Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шӯҳрат дошт.
Такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар Баҳри Тоҷик
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ медиҳад, ки истифодабарандагони захираҳои табиӣ моҳиҳои обанбори Баҳри Тоҷик ЧСК «Моҳипарвари Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» вазифадоранд, ки чорабиниҳои такрористеҳсолкунии захираҳои моҳиро дар обанбор амалӣ намоянд. Хоҷагиҳои номбурда тибқи талаботи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабинии мувофиқа намудаи худ бо мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист дар сори ҷорӣ кӯшиш ба харҷ дода, то имрӯз бештар аз як миллион моҳичаҳои хушсифатро ба обанбор сар доданд. Бештари моҳичаҳоро намудани растанихур аз қабили амури сафед, пешонағафси сафеду алоча ва капур ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки сифати моҳичаҳои паҳнкарда ба меъёри стандартӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон ба талаботҳои санитарию ветеринарӣ қаноатбахш мебошад.